Тафсири Сураи Хичр Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 85
وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ ۗ وَإِنَّ السَّاعَةَ لَآتِيَةٌ ۖ فَاصْفَحِ الصَّفْحَ الْجَمِيلَ ۸۵
Ва ма халақнас самавати вал арза ва ма байнаҳума илла бил ҳаққ. Ва иннас саъата ла-атиятуй фасфаҳис сафҳал ҷамйл. 85.
85. Наёфаридем осмонҳо ва заминро ва он чӣ мобайни онҳост, магар бо тадбири дуруст. Ва ҳароина, қиёмат омаданӣ аст, пас даргузар даргузаштани некӯ.
Худованд аз ягонагиву қудрати худ хабар дода гуфтааст, ки мо ин ҷаҳон ва мавҷудоту махлуқоти онро, чӣ дар осмонҳо бошад, чӣ дар замин ва чизе, ки дар байни онҳост аз кӯҳҳо, баҳрҳо ва наҳрҳо, ситорагон, офтоб, моҳтоб ва дигар чизҳое, ки ҳаст, чуноне, ки душманони мо гумон доранд беҳудаву беҳикмат, наефаридем. Балки ин ҳама мавҷудот офаридаи мо буданашон ҳақ аст. Онҳо бар камоли қудрат ва бар камоли офаридгории Парвардигори онҳо далолат мекунанд. (Ту ай Муҳаммад с) аз ин ки мушрикон имон намеоранд. ё ин ки муҷозот намешаванд, дар ғам мабош, хоҳанд нахоҳанд қиёмат омаданист, мӯҳсин бо эҳсон, бадкор ба ҷазои бад муҷозот хоҳанд шуд. Ҳоло аз он бехирадон чунон бо хубӣ ва ҳалимӣ рӯйгардон, ки дар он ҳеҷ маломате набошад ва азоб шудани онҳоро ба Парвардигор вогузор. Худованд онҳоро офарид. аҳволи онҳо ва вақти муҷозоти онҳоро хубтар медонад. Бо ривояти Муҷоҳид ва қатода (р) қисми ояти мазкур (фасфаҳил сафҳал ҷамил – пас даргузар даргузаштани некӯ) бо оятҳои, баъдӣ мансух (аз амал манъ шудааст. Зеро ин оят дар Макка нозил шудааст. Оятҳои баъдӣ дар Мадина. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «