Сураи Ҳиҷр Ояти 86 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 86 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 86

إِنَّ رَبَّكَ هُوَ الْخَلَّاقُ الْعَلِيمُ ۸۶

Инна раббака ҳувал халлақул ъалим. 86.

86. Ҳароина, Парвардигори ту Уст, офарандаи доно.

Ба фикри муфассирон мазмуни ояти мазкур чунин аст: «Худованд хабар додаст, ки Парвардигори ту Офарандаи Доност. Он тамоми халқро офарид, аҳволи ту ва аҳволи некӯкорон ва бадкоронро медонад. У медонад, ки ҳама мардум яксон нестанд. Аз сирҳои дарунӣ, табиати онҳо, аз фикру эҳсосоти ҳархелаи онҳо Худованд бохабар аст. Ҳоло барои тарбияти онҳо бо афву гузашт бархӯрд кун, то тадриҷан роҳи ҳақро ёбанд. Ҳоло худро азоб надеҳ ва дили худро барои онҳо бо ғаму андӯҳ машғул масоз.!»


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)