Сураи Ҳиҷр Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 9

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ ٩

Инна наҳну наззална-з-зикра ва инна лаҳу ла ҳафизун. 9.

9. Ҳаройина, мо Қуръонро фурӯ фиристодем ва ҳаройина, онро нигаҳбонем.

Худованд дар ин оят суханони мушриконро рад намуда мефармояд, ки ин Қуръонро, ки онҳо инкор мекунанд ва туро ба сабаби он ба девонагӣ муттаҳам мекунанд, Мо фуруд овардаем ва қатъан, Мо худ онро нигоҳ медорем. Бинобар ин, ҳеҷ кас наметавонад дар он афзоиш ва нуқсоне эҷод кунад ва наметавонад дар он табдил ё тағире ба вуҷуд биёварад.

Муфассирон гуфтаанд, ки дар ояти мазкур Худованд нигаҳбонии Қуръонро ба уҳдаи худ гирифтааст, пас нусхаи аслии Қуръон то рӯзи қиёмат бе ҳеҷ дигаргуншавӣ ва бетағйирот боқӣ хоҳад монд. Нигаҳбонӣ ва муҳофизати дигар китобҳои осмони мисли Таврот, Инҷил ва ғ, ба уҳдаи рӯҳониҳояш гузошта шуда буд. Онҳо ин амонати илоҳиро риъоя накарданд, онҳоро ба майли хотири худ табдилу таҳриф карданд. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки ҳоло нусхаҳои аслии онҳо нопадиданд ва аз онҳо имрӯз осоре нест. Аммо Қуръони карим, ҳамчуноне ки аз тарафи Худованд нозил шудааст, боқист ва боқӣ хоҳад монд, пас маълум мешавад, ки алайҳи Қуръон ҳаракатҳо бефоидааст. Ҳарчи қадар мушикофиҳои илму ҳикмат боло равад ҳам, ба дараҷаи оятҳои Қуръон расида наметавонанд. Ҳеҷ китоб монанди Қуръон, дар муддати асрҳои аср асли худро нигоҳ дошта натавонистааст.

Хулоса, Қуръонро Худованд худ нозил карда ва ӯро то рӯзи қиёмат ҳамчунин нигоҳ медорад.

Расулуллоҳ (с) барои таблиғи дини илоҳӣ аз мушрикон озор медид, Худованд дар оятҳои зер ӯ (с)-ро тасаллӣ дода гуфтааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)