Ҳар вақто намозгузор такбири таҳрима гуфта, ба намоз шурӯъ мекунад, то охири намоз, ғайри корҳои намоз чӣ кореро анҷом диҳад, намозаш фосид мешавад ва онро “Муфсидоти намоз” мегӯянд.

Омӯзиши Намоз инҷо<<
Муфсидоти намозҳо инҳоянд:
- Сухан гуфтан – ҳарчанд як калима – чӣ қасдан ва чӣ фаромӯшан ва чӣ аз рӯи хато бошад;
- Қасдан ба касе салом додан;
- Ҷавоби салом додан (дар ҳама ҳол);
- Оҳ ва нола кашидан;
- Барои кори дунё бо садо гиристан (гиряи аз тарси Худо ва барои охират бошад ҳарчанд бо садо бошад ҳам намозро фосид намекунад);
- Уф ва афсӯс кашидан;
- Ҷавоби атсаро гардонидан;
- Барои касе ҷавоби сухан додан, агар чанде бо зикр бошад;
- Фатҳа додан ба ғайри имоми худ;
- Қироъати Қуръон аз рӯи мусҳафи шариф;
- Дуо кардан ба лафзе, ки мушобиҳат ба каломи мардум дошта бошад;
- Бар ҷизи наҷас саҷда кардан;
- Хӯрдан ва ошомидан;
- Амали зиёд (Ҳар амале, ки эҳтиёҷ ба ду даст дошта бошад) кардан;
- Дар вақти адои намоз қасдан таҳоратро шикастан;
- Баргардонидани сина аз ҷиҳати қибла;
- Бо овозе, ки худаш шунавад ханда кардан;
- Бе узр тарк кардани фарзе аз фарзҳои намоз;
- Қуръонро ба ҳадде ғалат хонад, ки маънояш ғалат шавад;
- Дар як рукн ба бардоштани даст се бор амал намудан;
- Яке аз рукнҳои намозро дар ҳоли бараҳнагии аврат адо намудан;
- Пойҳои худро дар ҳолати саҷда аз замин микдори як рукн бардоштан.
- Дар намози ҷамоат марду зан дар як саф истодан ё дар пушти зан истодан.
Дар таёр кардани ин мавод аз китобҳои “Фарзи айни тоҷикӣ” ва “Чӣ тавр бояд намоз хонд?” истифода шудааст.
| ШОЯД ИН МАВОДҲО ҲАМ БА ШУМО ЛОЗИМ БОШАНД: |


