Сураи Ҳиҷр Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хичр Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳиҷр Ояти 8

مَا نُنَزِّلُ الْمَلَائِكَةَ إِلَّا بِالْحَقِّ وَمَا كَانُوا إِذًا مُنْظَرِينَ ٨

Ма нуназзилу-л-малаиката илла би-л-ҳаққи ва ма кану иза-м мунзарӣн. 8.

8. Фурӯ намефиристем фариштагонро, магар ба тадбири маҳкам ва он гоҳ муҳлатдодашуда набошанд.

Мо фариштагони худро намефиристем, магар ҳамроҳ бо азоб барои қавме, ки қасди нобудиашонро карда бошем. Агар барои он қавми фасодкор фариштагони мо фиристода шаванд, муҳлат ва таъхири азоб дигар барои онҳо дода намешавад.

Муфассирон гуфтаанд: “Бо дархости ҳар инсон фуруд наомадани фариштагон мувофиқи ҳикмати Парвардигор нест. Онҳо ё барои овардани ваҳйи илоҳӣ фуруд меоянд, ё барои азобу ҳалоки қавме, ки барои онҳо аз тарафи Аллоҳтаъоло пешибинӣ шудааст. Ҳоло барои мушрикон, ки ба Расулуллоҳ (с) ин қадар истеҳзо мекунанду аммо ба ҳалокат рӯбарӯ нашудаанд, ин лутфи Худованд аст. Онҳо инро нодида мегиранд. Агар бо ҳар дархости онҳо фариштагон фуруд оянду мушрикон ҳақ будани даъвати Расулуллоҳро тасдиқ накунанд, дигар сонияе барои онҳо муҳлат дода намешавад. Ҳамаи онҳо аз беху бун чун қавми Нӯҳ (а) несту нобуд мешаванд. Ҳоло агар фариштагон бо талаби аҳмақонаи онҳо фуруд наомаданд, маълум мешавад, ки муҳлати умри онҳо боқист. Агар онҳо тобеъи Расулуллоҳ (с) нашаванд, мумкин аст, ки дар оянда фарзандон ва наберагони онҳо мусалмон мешаванд. Ҳикмати Парвардигорро ҳеҷ кас намедонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳиҷр Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳиҷр Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)