Тафсири Сураи Хичр Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 90
كَمَا أَنْزَلْنَا عَلَى الْمُقْتَسِمِينَ ۹۰
Кама айзална ъалал муқтасимйн. 90.
90. Монанди он чӣ фуруд оварда будем бар тақсимкунандагон.
Дар дастури чаҳорум Худованд ба Пайғамбар (с) фармуд, ки дар баробари мардуми беимони сарватманд устувор бош ва ба онҳо бигӯ, ки дар сурате ки шумо ҳидояти маро қабул надоред, ман шуморо ошкоро ҳушдор медиҳам, ки монанди он азобе, ки Худованд бар сари «тақсимкунандагон» фуруд овард, бар сари шумо низ фуруд хоҳад овард. Ба ривояте калимаи «муқтасимин – тақсимкунандагон» 16 нафар мушриконеанд, ки Валид ибни Муғира дар айёми ҳаҷ онҳоро бар сари роҳи ҳоҷиен тақсим мекард ва ҳар касе, ки вориди Макка мешуд мегуфтанд: «Мабодо ба суханҳои ин касе, ки даъвои пайғамбарӣ дорад яъне Муҳаммад фирефта шавед. У девона аст. ӯ соҳир аст». Боз мегуфтанд: «У шоир аст, ё мегуфтанд: «У коҳин (фолбин) аст».
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «