Тафсири Сураи Хичр Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 91
الَّذِينَ جَعَلُوا الْقُرْآنَ عِضِينَ ۹۱
Аллазина ҷаъалул Қур-ана ъизин. 91.
91. Онон, ки сохтанд Қуръонро пора-пора.
Ба қавли муфассирон ояти мазкур ба аҳли китоб яҳудиён ва насрониён ишора намудааст, ки Қуръонро ба ҳиссаҳои пароканда тақсим карда, баъзе аз онро шеър, баъзеро сеҳр, баъзеро фолбинӣ ва ғайра гуфтанд. Он чӣ ба судашон буд, имон оварданд ва гирифтанд ва он чӣ ба хилофи фикрашон буд, инкор карданд. Ин офат агарчи дар ақида ҳам набошад, аммо дар амал мутаассифона, Домангири мардуми мо низ шудааст. Барои чунин ашхос Худованд дар ояти зер фармудааст, ки:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «