Тафсири Сураи Хичр Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 93
عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ ۹۳
Ъамма кану яъмалўн. 93.
93. Аз он чӣ мекарданд!
Худованд дар ин оятҳо гуфтааст, ки эй Муҳаммад (с) Савганд ба Парвардигори ту, ки албатта Mо рӯзи қиёмат аз ҳамаи ин гурӯҳи кофирон аз он чи дар дунё мекарданд. мепурсем ва ҳисоб мегирем. Дар он асно аз онҳо пурсида мешавад, ки киро ибодат мекардед? Муомила бо пайғамбарон чӣ гуна буд? Калимаи «Ло илоҳа илла-л-лоҳ»-ро чаро напазируфтед? Ҳаққи ин калимаро чаро пурра адо накардед? Боз аз ин қабил саволҳо аз онҳо чӣ миқдор пурсида мешаванд. Худо медонад. Дар ҳадиси ривояткардаи Анас (р) омадааст, ки дар тафсири ояти мазкур Пайғамбар (с) чунин фармудаанд: «Онҳо аз калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» мавриди пурсиш қарор мегиранд». Хитоби Аллоҳ таъоло ба Расули худ дар оятҳои зер идома дорад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «