Тафсири Сураи Хокках Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳоққаҳ Ояти 18
يَوۡمَٮِٕذٍ تُعۡرَضُوۡنَ لَا تَخۡفٰى مِنۡكُمۡ خَافِيَةٌ ١٨
Явмаизин туъраЗуна ла тахфа минкум хафияҳ. 18.
18. Он рӯз шумо пеш оварда мешавед, аз ҳоли шумо ҳеҷ сире пинҳон намонад.
Дар он рӯзи пуризтироб аз барои ҳисобу ҷазо шуморо ба назди Моликул мулук арз карда мешавад. Аз Аллоҳ ҳеҷ сирру асрори шумо махфӣ намонад. Зеро Ӯ таъоло олиму огоҳи сир ва зоҳиру ботинҳост. Дар он рӯз одамон ба тоифаҳо ҷудо карда шаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «