Сураи Ҳоққаҳ Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хокках Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳоққаҳ Ояти 17

وَّالۡمَلَكُ عَلٰٓى اَرۡجَآٮِٕهَا ‌ؕ وَيَحۡمِلُ عَرۡشَ رَبِّكَ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَٮِٕذٍ ثَمٰنِيَةٌ ١٧

Ва-л-малаку ъала арҷаиҳа. Ва яҳмилу ъарша Раббика фавқаҳум явмаизин саманияҳ. 17.

17. Ва фариштагон бар канорҳои Осмон бошанд. Ва он рӯз ҳашт нафар (фаришта) Арши Парвардигори туро болои хеш бардоранд.

Яъне Арши Парвардигорро дар он рӯз ҳашт фаришта ё ҳашт хел фаришта бардошта меистанд. Инсон Аршро бо ном медонад, ҳақиқати он ҷуз ба Худованд ба каси дигар маълум нест. Ё мурод аз Арш иззату султонии молики мутлақ аст? Ибни Аббос гуфта, ки мақсад аз ҳашт, ин ҳашт саф малоика аст, ки ҷуз Худо ададашонро касе намедонад. Мумкин аст, ки Арш Арши аъло бошад ё Арше, ки барои фасли қазо дар замини маҳшар ниҳода мешавад. Валлоҳу аълам.

Ривоят аст, ки алҳол бардорандаи Арши Раҳмон 4 фариштааст ва дар он рӯз 8-нафар хоҳанд шуд. Ба ҳар тақдир:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)