Тафсири Сураи Хокках Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳоққаҳ Ояти 32
ثُمَّ فِىۡ سِلۡسِلَةٍ ذَرۡعُهَا سَبۡعُوۡنَ ذِرَاعًا فَاسۡلُكُوۡهُ ٣٢
Сумма фӣ силсилатин заръуҳа сабъуна зироъан фаслукуҳ. 32.
32. Ва ӯро дар занҷире дароред, ки масоҳати он ҳафтод газ бошад!»
Баъд аз Раббулҷалил нидо расад, ки ӯро (гунаҳкорро) дар занҷире, ки дарозии он 70 газ ба гази фариштагон аст андозед. Андохтан чунон аст, ки аз дубураш дароварда аз ҳалқаш бароварда мешавад. Баъд аз он пойҳояшро ба пешонааш ҷамъ карда мешавад. Наъузубиллоҳ аз ин азоби шармовар.
Ин баёни азоб буд акнун боз сабаби азоб дар оятҳои зер баён шудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «