Тафсири Сураи Хокках Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳоққаҳ Ояти 39
وَمَا لَا تُبۡصِرُوۡنَۙ ٣٩
Ва ма ла тубсирун. 39.
39. Ва ба он чи намебинед,
Аллоҳтаъоло зимни ин ду оят ба ашёе ки инсон баъзе аз онҳоро мебинад ва баъзеи дигарро намебинад савганд ёд кардааст.
Чизҳои халқкардаи Ӯ таъоло аз дидгоҳи банда дар се ҳолат қарор доранд: авал ашёе ҳаст, ки инсон ӯро бо чашм мебинад, ба мисли кӯҳу обу дарахту ва ҳоказо. Дувум чизҳое, ки ба василаи асбобҳои муойинакунанда аз қабили пурбин, рентген ва монанди ин онҳоро инсон дида метавонад. Масалан, ба воситаи пурбин ё дурбини астрономӣ (кайҳоншиносӣ) ҳазорҳо ситорагон ва дигар ҷурмҳои осмонӣ кашф шуданд. Севум ашёе, ки ҳоло онҳоро дида намешавад, аммо дар будани онҳо дар ин ягон шакку шӯбҳае нест. Мисли биҳишту фариштаву Дӯзаху ҷин инчунин неъматҳои ботинӣ, осору асрори қудрати Ӯ таъоло ва ғайра.
Хулоса, аз мазмуни ин ду оят чунин бармеояд, ки дар дунё чизҳоест, ки инсон ба василаи чашми бино ё ба воситаи асбобҳои махсус онҳоро мебинад, аммо инро ҳам Аллоҳтаъоло таъкид сохтааст, ки боз ашёе ҳаст, ки банда онҳоро ҳатто ба воситаи асбобҳои махсус ҳам дида наметавонад. Ин ҳама аз қудрати Ӯ таъоло аст. Ояти зер ҷавоби қасам аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «