Сураи Ҳоққаҳ Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хокках Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳоққаҳ Ояти 40

اِنَّهٗ لَقَوۡلُ رَسُوۡلٍ كَرِيۡمٍۚ ٤٠

Иннаҳу лақавлу расулин карӣм. 40.

40. Ки албатта, ин Қуръон гуфтори Расули бузургвор аст.

Дар ин оят Ӯ таъоло Қуръонро ба расули бузургвор изофа кардааст. Агар мурод аз расули бузургвор расули малакӣ бошад, ҳазрати Ҷабраъил (а) дар назар аст, ки ваҳйи илоҳиро бе ҳеҷ ягон каму костӣ ва бе ягон илова ба расули Худо (с) оварду Ӯ (с) онро ҳамчунон ба мардум расонид. Агар изофаи расули карим расули башарӣ бошад, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар назар дошта шудааст, ки ваҳйи Илоҳиро бе ягон кам сохтану тағйир додан ва бе ҳеҷ ягон илова намудан ба мардум расонидааст. Зеро Ӯ таъоло ҳар ду расулро бузургвор гардонидааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)