Сураи Ҳуд Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Худ Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳуд Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

الر ۚ كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِنْ لَدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ ١

Алиф.Лом.Ро. Китабун уҳкимат айатуҳу сумма фуссилат ми-л ладун ҳакӣмин Хабӣр. 1.

1. Алиф, Лом, Ро. Ин китобест, ки оятҳои ӯ устувор ва равшан карда шудааст, аз назди Ҳукмкунандаи бохабар омадааст.

Ояти аввали ин сура бо се ҳарфи алифбоӣ оғоз шуд, ки ба эъҷоз Қуръони карим далолат мекунанд, яъне Қур-ъону оятҳои он, агарчи аз ҳарфҳо банду баст шуда бошанд ҳам, лекин инсон бо истифода аз ин ҳарфҳо аз таълиф кардани чунин китоби муқаддас оҷиз аст. Паҳлуҳои дигар шарҳи ингуна ҳарфҳое, ки дар аввали баъзе сураҳои Қуръон омадаанд, дар шарҳи дигар сураҳо, чун сураи «Бақара» ва амсоли он эзоҳ дода шуд, дигар дар ин ҷо ба шарҳу эзоҳ ҳоҷат нест.

Аммо Ибни Аббос (р) гуфтаанд, ки маънои «Алиф-Лом-Ро» ман Аллоҳам мебинам, аст. Валлоҳу аълам.

Хулоса, Худованд фармудааст, ки Қуръон аз ин гуна ҳарфҳое, ки шумо онҳоро медонед, ташкил ёфта бошад ҳам, вале он дар асл аз назди Парвардигори шумо омадааст. Дар он ҳеҷ шакку шубҳа, камбудӣ ва иллате нест. Сохти оятҳои он муҳкаму пухта, далолаташон дақиқ, калимаҳояш пурмазмуну соҳиби маънои аниқ ва бо ҳам муносибу бенуқсон аст. Ҳар ҳоҷате инсон барои зиндагии дунё ва охират дошта бошад, возеҳу равшан, бо тафсил дар Қуръон баён шудааст, зеро Қуръон аз назди Зоте омадааст, ки Ӯ дар ҳама корҳо дуруст ҳукмкунанда ва аз аҳволи ҳама махлуқоти (офаридаҳои) худ бохабар аст.

Ҳукмҳои Ӯ беҳтарин ҳукм, баёноти Ӯ барои мақсадро фаҳмонидан беҳтарин баёнот аст.

Мақсад аз фиристодани ин Қуръон чист? Ояти зер ҷавоби ин савол аст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳуд – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)