Сураи Ҳуд – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Худ – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳуд сураи 11-уми Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 123 оят иборат аст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Ин сура барои он сураи «Ҳуд» номида шуд, ки дар он қиссаи қавми Ҳуд (а) мегузарад. Аз он сабабе ки тарзи нигориш ва услуби ин сура бо сураи «Юнус» тақрибан наздик аст, уламои киром бо иттифоқ ва бо таъкид гуфтаанд, ки сураи мазкур баъди сураи «Юнус» нозил шудааст. Сураи мазкур барои даъвати дини Ислом дар як вақти ҳассос ва вазнинтарин нозил шуд. Замоне ин сура нозил мешуд, ду ҳомию тарафдори асосии Расулуллоҳ (с), яке Абӯтолиб ва дигаре модари муъминон, Хадиҷа (р) оламро падруд гуфтанд. Дар таърихи Ислом ин солро соли «маҳзунӣ» меноманд. Мушрикон вафоти Абӯтолиб ва Хадиҷа (р)-ро борои озори мусулмонҳо ғанимат ва фурсати муносиб ҳисобида, зулму озорро алайҳи онҳо чандин карат зиёд карданд.

Ҳамзамон ҳодисаи ғайриоддӣ, яъне Исро (меъроҷи Пайғамбар ба осмон) рух дод. Ин ҳодиса ҳам сабаб шуд, ки баъзе шахсони сустимон бовар накарданду аз исломдории худ даст кашида, муртад шуданд. Кофирону мушрикон бошанд, чун пештара бо шунидани ин ҳодисаи ғайриоддӣ мусалмонҳоро масхара карда, ба ҳоли онҳо механдиданд. Натиҷа он шуд, ки дар он асно даъват ба Ислом каме аз рушд бозмонд. Муддате чанд на аз аҳли Макка ва на аз атрофи он касе вориди дини Ислом нашуд.

Илова бар ин, замони нузули сураи мазкур ба вақте рост омад, ки адади мусалмонҳо кам буд ва онҳо дар ҳолати ниҳоят ногувор буданд. Аҳли куфру ширк бисёр буда, бар мусалмонҳо фишор доштанд. Ҳатто аҳли куфр умед доштанд, ки метавон Ислому тарафдорони онро тамоман аз байн бурд. Бинобар ин, сураи мазкур воқеъаҳои ҳассоси он вақтро дар назар гирифта, бо услуби хос ҳаллу фасли онҳоро баён кардааст. Дар сураи мазкур сухан аз Қуръони карим ва хусусияти он сар шуда баъд дар бораи ақида ҳам баҳс мекунад.

Сипас тақозои он меравад, ки мардум бояд чунон зиндагонӣ кунанд, ки дар ҳама ҳолат бояд таслими амру фармони Парвардигор хоҳони ризояти Ӯ бошанд. Баъдан барои тасаллии Расулуллоҳ (с) муроҷиат ба таърих шуда қиссаҳои умматҳои гузашта аз он ҷумла: Нӯҳ (а), Мӯсо (а), Ҳорун (а), Лут (а), Солеҳ (а), ва Шуъайб (а)-ро, то ин ки сабаби ибрат бошанд, бо тафсил баён кардааст.

Дар оятҳои охирини ин сура ишора бар он шудааст, ки ба рафтор ва одати нодурусти қавме, ки саркаш ва беимон ҳастанд, ҳаргиз пайравӣ кардан лозим нест. Зеро саргузашти даҳшатноки кофирони пешгузашта ларза дар дили инсон меандозад. Шахсе, ки ин сураро хонаду маънои оятҳои онро фаҳмад, таъсири аҷибе мегирад.

Бо ривояти Ҳофиз, Абӯяъло, Икрима (р) омадааст: “Абӯбакри Сиддиқ (р) аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд, ки ай Расулаллоҳ! Барои чи мӯятон сафед шуд?” Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб гуфтанд: «Сураҳои «Ҳуд», «Воқеъа», «Амма ятасаалун» ва «Изашшамсу қуввират» мӯи маро сафед карданд». Ин буд назари кӯтоҳ ба мазмуни ин сура.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 109 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)