Тафсири Сураи Худ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 2
أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ ۚ إِنَّنِي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ ٢
Алла таъбуду иллаллоҳ. Иннанӣ лакумм минҳу назӣру-в ва башӣр. 2.
2. (То ин ки Пайғамбар гӯяд:) «Ибодат накунед, магар Аллоҳро! Ҳаройина, ман шуморо аз ҷониби Вай бимдиҳанда ва муждарасонандаам.
Мақсад аз нозил шудани Қуръони карим мубориза алайҳи ширк аст ва ин фикр дар бисёр оятҳои Қурон баён шудааст. Ояти мазкур дар нахустин ҷумлаи худ фармудааст, ки аввалин дастури Қуръони карим ин аст, ки набояд ғайри Аллоҳи ягона чизи дигареро ибодат кард. Дастури дувуми он ин аст, ки ман, яъне Муҳаммад (с) дар баробари анҷоми тоъату ибодат, покию тақво сарнавишти нек шуморо хушхабардиҳанда ва дар баробари зулму фасод, ширку куфре, ки аз шумо сар мезанад, аз ҷазои илоҳӣ барҳазаркунандаам. Маънои ояти мазкурро ояти 25-уми сураи «Анбиё» ва ояти 36-уми сураи «Наҳл» таъкид мекунанд. Ҳамчунин дар ҳадиси саҳеҳ мувофиқ ба мазмуни ҷумлаи дувуми ин оят омадааст, ки дар аввали даврони пайғамбариашон рӯзе Расулуллоҳ (с) болои кӯҳи Сафо баромада: Ҳой бани фалонӣ ва ҳой бани фалонӣ гуён қабилаҳои Қурайшро бо номи сардоронашон нидо карданд. Хулоса, ҳангоме ки нидошудаҳо назди Расулуллоҳ (с) ҷамъ шуданд, ба онҳо гуфтанд: “Ай ҷамоъаи Қурайшиҳо, агар шуморо хабар диҳам, ки фардо саҳар гурӯҳе аспсавор болои шумо ҳамла мекунанд, оё маро тасдиқкунанда ҳастед?” Онҳо гуфтаанд: “Мо ҳаргиз аз ту дуррӯғ гуфтанро таҷриба накардем.” Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ман барои шумо бимдиҳандаам. Азоби дарднок дар пеш аст.” Яъне Пайғамбари Аллоҳ (с) ба онҳо гуфт, ки ман аз тарафи Аллоҳ барои он фиристода шудаам, ки агар шумо дар оянда аз дини ман рӯ гардонданӣ бошед, шуморо аз азоби Илоҳӣ тарсдиҳанда ва агар имон оред, барои шумо хушхабардиҳандаам.
Давоми вазифаҳои Пайғамбар (с) дар ояти зер баён шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «