Тафсири Сураи Худ Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 106
فَأَمَّا الَّذِينَ شَقُوا فَفِي النَّارِ لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَشَهِيقٌ ١٠٦
Фа амма-л-лазӣна шақу фа фи-н-нари лаҳум фӣҳа зафӣру-в ва шаҳӣқ. 106.
106. Аммо ононе, ки бадбахт шуданд, пас, дар оташи Дӯзах бошанд, онҳоро дар он ҷо фарёди сахт ва нолаву зора бошад,
Калимаҳои арабии «зафир» ва «шаҳиқ» дар асл овози харро ифода мекунад ва овозе, ки хар мебарорад, он зафир ва овозе, ки фурӯ мекашад, он шаҳиқ ном дорад.
Хулоса, ояти мазкур гуфтааст, ки рӯзи қиёмат макони онҳое, ки дар сарнавиштаашон шақоват (тирабахтӣ) навишта шудааст, оташи Ҷаҳаннам аст. Чун тирабахтон вориди Дӯзах мешаванд, аз асари шиддати дард бо тамоми қуввае, ки доранд, монанди улоғ (хар) доду фарёду нола мекунанд. Наъузубиллоҳ (ба Худо паноҳ мебарем), аз чунин сарнавишт, аз чунин макони воридшавӣ, аз чунин доду фарёд ва аз чунин нолаҳои ҷонгудоз.
Ояти зер ин маъноро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «