Сураи Ҳуд Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Худ Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳуд Ояти 107

خَالِدِينَ فِيهَا مَا دَامَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ إِلَّا مَا شَاءَ رَبُّكَ ۚ إِنَّ رَبَّكَ فَعَّالٌ لِمَا يُرِيدُ ١٠٧

Холидӣна фӣҳа ма дамати-с-самавату ва-л-арЗу илла ма шаа Раббук. Инна Раббака фаъъалу-л ли ма юрӣд. 107.

107. То модоме ки осмонҳо ва Замин боқист, дар он оташ ҷовидон бошанд, магар он чӣ Парвардигори ту хоҳад. Ҳаройина, Парвардигори ту ҳар чизеро, ки хоҳад, кунандааст.

Шахсоне, ки сифаташон дар оятҳои қаблӣ гузашт, бинобар мазмуни ояти мазкур, то модоме ки осмонҳо ва замини охират боқист, яъне ҳамеша ва ҷовидон дар оташи Ҷаҳаннам боқӣ бимонанд, магар шахсонеро, ки Аллоҳтаъоло ба сабаби доштани як зарра имон озод шуданашонро бихоҳад, онҳо абадӣ дар Дӯзах нахоҳад монд. Зеро Худованд ҳар кореро, ки ирода кунад, анҷом додани он барои Ӯ осон аст; Чуноне ки ояти зер ишора дорад, ҳоли некбахтон билкул дигаргун аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳуд Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳуд Ояти 108 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)