Тафсири Сураи Худ Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 105
يَوْمَ يَأْتِ لَا تَكَلَّمُ نَفْسٌ إِلَّا بِإِذْنِهِ ۚ فَمِنْهُمْ شَقِيٌّ وَسَعِيدٌ ١٠٥
Явма яъти ла такалламу нафсун илла би изниҳ. Фа минҳум шақийю-в ва саъӣд.105.
105. Рӯзе ки биёяд, ҳеҷ кас сухан нагӯяд, магар ба дастури Аллоҳ, пас, баъзе инсонҳо (дар он рӯз) бадбахт ва баъзеяшон некбахт бошанд.
Ояти мазкур сифати рӯзи қиёматро эзоҳ дода чунин гуфтааст. Рӯзи қиёмат рӯзест, ки чун фаро расад, бе иҷозаи Парвардигор ҳеҷ кас наметавонад сухан гӯяд. Агар иҷоза шавад ҳам, ҳеҷ кас бо майлу хости худ наметавонад, мисли дунё суханҳои гуногун рост ё дурӯғ гӯяд. Ҷумлаи баъдии ояти мазкур хабр додааст, ки дар он рӯз мардум ду гурӯҳ мешаванд, баъзе аз мардум некбахтанд ва машғули истифодаи неъматҳои Ҷаннатанд ва баъзе аз онҳо бадбахтанду дар қаъри Дӯзах ба ҷазо гирифторанд.
Барои пурра фаҳмидани маънои ояти мазкур ба ояти 22-24 сураи «Анъом» ва ояти 69-уми сураи «Ёсин» ва ояти 35-уми сураи «Мурсалот» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «