Тафсири Сураи Худ Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 120
وَكُلًّا نَقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنْبَاءِ الرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِ فُؤَادَكَ ۚ وَجَاءَكَ فِي هَٰذِهِ الْحَقُّ وَمَوْعِظَةٌ وَذِكْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ ١٢٠
Ва куллан-н нақуссу ъалайка мин анбаи-р-русули ма нусаббиту биҳӣ фуадак. Ва ҷаака фӣ ҳазиҳи-л-ҳаққу ва мавъизату-в ва зикро лил муъминӣн. 120.
120. Ҳар чизеро, ки аз ахбори пайғамбарон ба ту мехонем, он чизест, ки бо он дили туро собит мегардонем. Ва дар ин (сура) сухани дуруст ва панде барои ту ва ёдоварӣ барои муъминон омада аст.
Аз мутолиъаи сураи «Ҳуд» маълум шуд, ки қисмати умда (асоси)-и сура зикри достонҳои ибратангези пайғамбарон ва саргузашти пандовари қавмҳои гузашта будааст. Ҳоло хулоса ва натиҷаи умумии достонҳои онҳо дар ин оят дар чаҳор марҳала баёни худро ёфтааст. Маълум аст, ки хилофкории душманони бераҳми Расулуллоҳ (с) хоҳ нохоҳ дар дили ӯ (с) таъсир мегузошт. Дар авали ин оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки мо барои он таърихи гуногуни пайғамбарони гузаштаро барои ту баён кардем, ки қалби ту орому маҳкам ва иродаи ту қавиву устувор гардад. Баъди аз достонҳои онҳо хабардор шудан, метавонӣ бо оромиши қалб ва бо субот мардумро ба сӯи дини ҳаққ даъват кунӣ. Пайғамбарҳои пеш аз ту бо озори қавми худ рӯ ба рӯ буданд, локин медонистанд ва фаҳмиданд, ки роҳи наҷот роҳи Парвардигор аст. Бинобар ин, ба озорбинии худ эътибор надода, дар рафтори худ устувор буданд. Бо сабаби суботкории онҳо дар ҳимматашон ҳиммат ва дар ғайраташон ғайрат зам мешуд. Вақте ки кори худро устуворона ба пеш мебурданд, машаққатҳои роҳи даъват дар назарашон роҳат менамуд.
Дар давоми оят омадааст, ки ҳақиқате, ки марбут ба зиндагонӣ ва амалиёти ту лозим аст, дар ин сура омадааст. Натиҷаи чашмгире, ки дар ин сура баён шуд, он аст, ки ин достонҳо барои муъминон як ёдоварию мавъиза ва барои кофирон воситаи дилкӯбандаи таъсир бахш аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «