Тафсири Сураи Худ Ояти 122 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳуд Ояти 122
وَانْتَظِرُوا إِنَّا مُنْتَظِرُونَ ١٢٢
Вантазиру инна мунтазирун. 122.
122. Ва интизорӣ кашед, ҳаройина, мо низ интизорем.
Худованд ба Расули Худ (с) дар ин ду оят амр кардааст, ки ба шахсоне, ки имон намеоранд, бо таҳдид бигӯ, ки ҳар кореро, ки метавонед ва қудрат доред, анҷом диҳед, мо ҳам кори худро, ончӣ дар тавони худ дорем, бо роҳу равиши хеш анҷом хоҳем дод. Шумо интизор бошед ва мо ҳам интизорӣ мекашем, то бубинем, кадоме аз мо пирӯз мешавад ва кадоме аз мо шикаст мехӯрад. Муфассирон гуфтаанд, ки интизорӣ ба дарозо накашид, дере нагузашт, ки Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи муъминон нусрати Парвардигоро соҳиб шуданд. Зулму ситами кофирон аз саҳнаи рӯзгор ба дар рафт. Ингуна таҳдидҳо дар ояти 40-уми сураи «Фуссилат» ва ояти 64-уми сураи «Исро» низ дида мешаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «