
Тақрибан ҳамаи материалҳое, ки мо истифода мекунем, асосан аз масолеҳи дигар ҳосил карда мешаванд. Масалан, пластмассаро аз нафт ҳосил мекунанд, коғазро бошад, аз дарахт.
Материалҳоеро, ки бе коркард ба корхонаҳои истеҳсолӣ оварда мешаванд, материяи нахустин меноманд. Тамоми материалҳои табиӣ материяи нахустин мебошанд: масалан, дарахт – барои истеҳсоли навъҳои гуногуни мебел зарур аст; пахта аз рустанӣ ҷамъоварӣ мешавад ва барои тайёр кардани матоъ истифода мегардад.
Хамин тариқ, маъданҳои зиёди табиӣ низ (мисли оҳан, мис, ва ғ.) материяи нахустин ҳисоб мешаванд.


