Сураи Ҳумаза Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хумаза / Ҳумазаҳ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳумаза Ояти 9

فِىۡ عَمَدٍ مُّمَدَّدَةٍ ٩

Фӣ ъамади-м мумаддадаҳ. 9.

9. Дар иҳотаи сутунҳои баланди оташину паси дарҳои муҳкам қарор гирифтаанд.

Ин оят аз сифати оташи “Ҳутамаҳ” хабар дода гуфтааст, ки оташи ҳутама бо тарз ва раванди ба худ хос месӯзад. Инсони дар дохили он буда аз ҳар сӯ бо сутунҳои баланди оташин иҳота мегардад. Вай роҳ ва илоҷи аз оташ баромаданро надорад. Умеди худро аз гурехта халос шудан меканад. Абадӣ дар Ҷаҳаннам месӯзад. Акнун, бародарони азиз ва бонувони меҳрубон, биёед, аз чунин сифатҳои пасти зиёндиҳанда худро эҳтиёт карда, гуфти Худо ва пайравии расули Ӯ (с)-ро дарси ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва дасти дуо ба сӯйи Худо дароз карда, аз чунин азобҳои Ҷаҳаннам аз Ӯ паноҳ биҷӯем. Омин!

Адибе гуфтааст.

Гарчӣ дорӣ тоате, аз ҳайбаташ эмин мабош,
В-ар гунаҳкорӣ зи файзи раҳматаш дилро мадор.
Нек тарсон шав, ки қаҳри Ӯст берун аз қиёс,
Бош бас хушдил, ки лутфи Ӯст афзун аз шумор.

Поёни сураи “Ҳумазаҳ”. Валиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳумаза «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳумаза Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фил – Тафсири Осонбаён (Қуръон)