Тафсири Сураи Хумаза / Ҳумазаҳ – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳумаза 104-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 9 оят иборат аст.
Ин сура дар хусуси шахсоне, ки мардумро айб мегиранду обрӯи онҳоро мерезонанд ва таъна зада масхара мекунанду изо медиҳанд, сухан мекунад. Ҳамчунин шахсонеро мазаммат мекунад, ки чунон машғули ҷамъ кардани моли дунёанд, ки гӯё дар ин дунё абадӣ мемонда бошанд.
Хатми ин сураи муборак зикри оқибати ин ҷамоаи ашқиё (бадбахт)-ро баён мекунад. Онҳо дохили нори (оташи) Ҷаҳаннам мешаванду дар он чунон месӯзанд, ки аз онҳо чизе боқӣ намемонад. Худованди қодиру тавоно боз онҳоро ба сурати аввала меорад, то аз сари нав ин азобҳоро бичашанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳумаза «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «