Тафсири Сураи Аср Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аср Ояти 3
اِلَّا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَ عَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ وَتَوَاصَوۡا بِالۡحَقِّ ۙ وَتَوَاصَوۡا بِالصَّبۡرِ ٣
Илла-л лазӣна аману ва ъамилу-с-салиҳати ва тавасав би-л-ҳаққи ва тавасав би-с-сабр. 3.
3. Магар ононе ки имон оварданд ва корҳои нек карданд ва якдигарро ба (дини) ҳақ насиҳату васият намуданд. Ва якдигарро ба сабр (шикебоӣ) тавсия намуданд.
Инсонҳои имоноварда бо ҳамроҳи имон амалҳои солеҳ (шоиста) карда, якдигарро ба (дини) ҳақ насиҳат (васият) намуда ҳангоми мусибат якдигарро ба сабр даъват кунанд, дар зиён нестанд.
Имон овардан маънои бовар карданро дорад. Инсон бояд аввал бовар дошта бошад, ки Худо якка ва ягона аст ва Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва саллам) Пайғамбари барҳаққанд. Дар баробари ин, ба фариштагони Худо, пайғамбарони Худо, рӯзи қиёмат ва зинда гардонидан баъд аз марг бовар дошта бошад. Инчунин бовар кунад, ки тақдири некӣ ва бадӣ ҳама аз Худост.
Амали солеҳ (шоиста) баъд аз имон ба ҷо овардани рукнҳои асосии Ислом, яъне дар як рӯз панҷ вақт намоз хондан, рӯзаи моҳи рамазонро доштан, агар қодир бошад закоти молро додан ва дар умр як бор ҳаҷ кардан аст. Инчунин ба амали солеҳ иҷро намудани тамоми амрҳои шариъат ва аз тамоми манҳиёт худро нигоҳ доштан, риоя намудани одоби Исломӣ, некӣ кардан ба падару модар ва ба мардум ва ғайра дохил мешавад.
Ҳамдигарро ба (дини) ҳақ насиҳат кардан ба маънои даъват ва насиҳат кардан ба пайравӣ аз дини Ислом аст. Ҳамдигарро ба сабр насиҳат кардан ҳангоми мусибат ва душвориҳо лозим аст. Инчунин барои иҷро намудани амали солеҳ сабр лозим аст. Бузургтарин сабр ин сабри инсоне аст, ки худро аз содир кардани гуноҳ нигоҳ медорад.
Барои ба хислатҳои зикршуда соҳиб шудан бояд ақли инсон аз болои нафси шаҳвонияш ғолиб бошад. Нафс бояд ғуломи ақл бошад. Ақл бояд аз болои нафс ҳукмрон бошад. Ин гуна инсонҳо аз машаққати дунё, аз азоби қабр ва оташи Дӯзах наҷотёфтагонанд. Яъне онҳо зиёнкор нестанд. Онҳо дунёи боқиро (охиратро) ба ин дунёи фонии (гузаро) беқадр нафурӯхтанд. Онҳо пои ақлашонро болои (фарқи) сари шаҳватҳои (хоҳишҳо)-и нафсонӣ гузоштаанд. Молу сарвати зиёда аз ҳоҷати дунёро пушти по зада, то андозае, ки қувват доштанд, тӯшаву зоди охират (қиёмат)-ро омода сохтаанд.
Гар бар сари шаҳвату риё хоҳӣ рафт,
Аз ман хабарат, ки бенаво хоҳӣ рафт.
В-ар даргузарӣ аз ин, бубинӣ ба аён,
К-аз баҳри чӣ омадӣ, куҷо хоҳӣ рафт?
(Ҷалолуддини Румӣ)
Хулоса, Парвардигор инсонро дар тиҷорати умраш зиёнкор ҳукм кардааст. Он инсоне зиёнкор нест, ки ин чаҳор корро иҷро намояд:
1. Имон овардан.
2. Амалҳои солеҳ кардан.
3. Якдигарро ба роҳи ҳақ насиҳат кардан.
4. Якдигарро ба сабру таҳаммул насиҳат кардан.
Пас, хушо бар ҳоли касе, ки худро ба ин сифатҳои чаҳоргона ороста месозад ва ба комилу пурра кардани онҳо мекӯшад ва инсонҳои дигарро бо насиҳатҳо ва таблиғоти худ комил месозад. Чунин шахс гӯё иҷрои ҳаққи Аллоҳ ва ҳаққи бандагии Аллоҳро дар худ ҷамъ намудааст. Он сирре, ки дар таҳти ин чаҳор амр пинҳон аст, валлоҳу аълам, ҳамин аст. Номи неки ин гуна инсонҳо дар саҳифаҳои даҳр ҷовид мемонад ва осори хайре, ки баъд аз дунё рафтани худ ҳамчу (Боқиётуc-солиҳот) мегузаронад, то Қиёмат аҷру савоби он барояшон афзуда мешавад. Бояд донист, ки ин сураи мухтасар хулосаи тамоми дину ҳикмат ва ҷамъкунандаи саодати дунёву охират аст.
Фароғи дилат ҳасту нерӯи тан,
Чу майдон фарохаст гӯй бизан.
1. “Хуср” зиён дидан.
2. “Тавосав” якдигарро насиҳат кардан.
3. “Солиҳот” анҷоми амалҳои писандида.
4. “Оману” имон оварданд.
5. “Алҳаққ” бо адолат ҳукм кардан.
Поёни сураи “Ааср” Ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аср «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «