Сураи Иброҳим Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 12

وَمَا لَنَا أَلَّا نَتَوَكَّلَ عَلَى اللَّهِ وَقَدْ هَدَانَا سُبُلَنَا ۚ وَلَنَصْبِرَنَّ عَلَىٰ مَا آذَيْتُمُونَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُتَوَكِّلُونَ ١٢

Ва ма лана алла натаваккала ъалаллоҳи ва қад ҳадана субулана. Ва ла насбиранна ъала ма азайтумуна. Ва ъалаллоҳи фал ятаваккали-л-мутаваккилун. 12.

12. Ва чист моро, ки бар Худо таваккул накунем ва ҳол он ки батаҳқиқ, роҳи ростро барои мо ҳидоят кардааст? Ва албатта, бар озоре, ки шумо бар мо мерасонед, сабр хоҳем кард. Ва таваккулкунандагон бояд бар Худо таваккул кунанд».

Сипас, Худованд бар Пайғамбарамон (с) саргузашти пайғамбарони гузаштаро, ки дар баробари озори қавми худ сабр мекарданд, то ин ки ӯ (с) низ дар баробари озори қавми худ иқтидо ба онҳо кунад, қисса карда, фармуд, ки расулони Мо вақте диданд, ки мавриди масхара ва озори қавмҳо қарор доранд, ба қавми саркаши худ панд дода, гуфтанд, ки Худованди меҳрубон аз «ҷом»-и тавҳиду маърифати Худ ба мо нӯшонидааст (киноя аз пайғамбарӣ), роҳи ҳақиқату ҳидоятро барои мо боз намудааст. Оё мумкин аст, ки мо ба Ӯ таваккул накунему дар ҳама мушкилот ба Ӯ паноҳ набарем? На! Ҳарчи қадар шумо ба мо озор расонед ҳам, сабрро пешаи худ месозем ва аз ин роҳ барнамегардем. Зеро одати аҳли имон ягона ба Худо таваккул кардан аст. Вақте ки қавмҳои гумроҳ ба суханҳои ҳаққи пайғамбарашон посух гуфта натавонистанд, қувва ва таҳдидро ба кор бурда, ба расулони Аллоҳ гуфтанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)