Тафсири Сураи Иброхим Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 11
قَالَتْ لَهُمْ رُسُلُهُمْ إِنْ نَحْنُ إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَمُنُّ عَلَىٰ مَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۖ وَمَا كَانَ لَنَا أَنْ نَأْتِيَكُمْ بِسُلْطَانٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ ١١
Қолат лаҳум русулуҳум ин-н-наҳну илла башару-м мислукум ва лакинналлоҳа ямунну ъала ма-я яшау мин ъибадиҳ. Ва ма кана лана ан-н-наътиякум би султанин илла би изниллаҳ. Ва ъалаллоҳи фал ятаваккали-л-муъминун. 11.
11. Пайғамбарони онҳо ба онҳо гуфтанд: «Нестем мо магар одамӣ монанди шумо, валекин Худо ба ҳар кӣ аз бандагони Худ хоҳад, неъмат медиҳад. Ва (мумкин) нест моро, ки биёрем ба шумо ҳуҷҷате, магар ба ҳукми Худо. Ва муъминон бояд бар Худо таваккул кунанд.
Пайғамбарон дар посухи қавми худ, инсони оддӣ будани худро инкор накарданд, балки ба онҳо гуфтанд, ки шумо дуруст мегӯед, мо низ мисли шумо инсон ҳастему фаришта, ё дигар махлуқи фавқулодда нестем. Оё баъзе инсонҳо аз баъзеяшон фарқ надоранд? Як бор ба худатон нигаред. Оё дар байни шумо аз рӯйи ҷисм, ахлоқ, ақл, фаросат кордонӣ, ризқу рӯзӣ ва дигар сифатҳо фарқ нест? Агар Худованд ба баъзе аз бандагони Худ қобилияти хоссе диҳад, ки дигарон аз он ҳеҷ баҳрае надошта бошанд, чӣ кор карда метавонед? Худованд агар бихоҳад касеро ба пайғамбарӣ мушарраф кунад, аз шумо намепурсад. Ин кори Ӯст. Ҳеҷ кас ба он дахолат карда ҳам наметавонад. Чӣ мехоҳед, Худованд пайғамбарони худро бо ихтиёри шумо фиристад? На! Ҳаргиз чунин нашудааст. Худованд касеро аз бандагони Худ сазовори ин мансабу мақоми олӣ донад, бар ӯ миннат мениҳад ва ӯро дар сифати пайғамбарӣ барои ҳидояти қавме, ки мисли шумо гумроҳанд, мефиристад. Ҳоло шумо ба ин ҳуҷҷатҳои овардаи мо, ки бо ҳукми Худованд нишон дода будем, қаноъат накарда, боз мегӯед, ки агар шумо аз тарафи Худо фиристодашуда бошед, барои мо ҳуҷҷати ошкор биёред, ҷавоби мо барои шумо ин аст, ки он муъҷизаҳое, ки аз мо дархост мекунед, бе иҷозаи Парвардигор оварда наметавонем. Вазифаи мо таълимоти илоҳиро барои шумо расонидан аст. Бе иҷозаи Парвардигор муъҷиза нишон додан кори мо нест. Агар ба яке аз мо муъҷизае диҳаду иҷозаи нишон додани онро низ диҳад, нишон додан мумкин. Дар акси ҳол мо низ оҷизем. Ин ақида саҳеҳ аст, ки бояд шахсони муъмин дар ҳар замону маконе, ки бошанд, бояд доимо ба Аллоҳ таваккул кунанд. Аз ғайри Аллоҳ аз ҳеҷ кас на ёрӣ пурсанду на ҳимоя. Зеро ҳама қудратҳо дар баробари қудрати Парвардигор ночиз аст. Агар шумо даъвати моро қабул накунед, бар адовату изо расонидани мо омода бошед, пас таваккули мо низ бар Худост. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «