Тафсири Сураи Иброхим Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 17
يَتَجَرَّعُهُ وَلَا يَكَادُ يُسِيغُهُ وَيَأْتِيهِ الْمَوْتُ مِنْ كُلِّ مَكَانٍ وَمَا هُوَ بِمَيِّتٍ ۖ وَمِنْ وَرَائِهِ عَذَابٌ غَلِيظٌ ١٧
Ятаҷарраъуҳу ва ла якаду юсӣғуҳу ва яътӣҳи-л-мавту мин кулли макани-в ва ма ҳува би маййит. Ва ми-в вароиҳӣ ъазабун ғалӣз. 17.
17. Онро ҷуръа-ҷуръа фурӯ кашад ва набуд, ки онро ба осонӣ даркашад ва (сабабҳои) марг аз ҳар ҷонибе ба сӯяш биёяд, вале ӯ мурда набувад ва азоби сахт дар паси ӯст.
Дар ин ду оят панҷ ҷазои ҷаҳони дигар (охират) барои золимон ва натиҷаи кори онҳо баён шудааст:
1. Ба думболи ноумедӣ ва ҳалокату хусроне, ки золимон дар дунё дидаанд, боз дар қиёмат оташи сӯзони Ҷаҳаннам ва азобҳои рангоранг насиби онҳо пеши рӯйи онҳост.
2. Аз он ҷумла, вақте ки он золимони саркаш дар миёни оташи сӯзон месӯзанд, ташна мемонанду об мехоҳанд, ба онҳо аз як оби бисёр ҳам бадбӯй дода мешавад.
3. Золимон аз чунин оби бадбӯй нӯшидан нахоҳанд ҳам, бо зӯрӣ дар гулӯи онҳо он обро мерезанд, онҳо обро ҷуръа-ҷуръа (як қулт-як қулт) фурӯ мебаранд. Аз таъсири он об рӯдаҳои онҳо пора-пора мегардад. Лекин боз аз нав барқарор мешаванд ва боз нӯшонидани оби нофораму нафратовар барои азоб додани онҳо такрор мешавад.
4. Барои золимон васоили азоб ва шиканҷаву нороҳатӣ чунон бисёр мешавад, ки гӯё аз ҳар сӯ марг ба онҳо ҳуҷум мекунад. Вале бо ин ҳама азоб ҳаргиз намемиранд, то аз он дардҳо ва сахтиҳои ҷонфарсо муваққат ҳам бошад, халос шаванд.
5. Ҳоло барои онҳо азоб ва сахтиҳои сангине дар пеш ҳаст, ки аз азобҳои номбурда чандин карат талхтару дардноктар аст.
Ба ҳар ҳол ҳар кас ки гарданкаш аст,
Саранҷом маъвои ӯ оташ аст.
Чашонанд ӯро яке обу чирк,
Сазовори гарданкашиҳову ширк.
Аз он ҷуръа-ҷуръа ҳаменӯшад ӯ,
Ки натвонад онро барад дар гулӯ.
(Умеди маҷд)
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «