Сураи Иброҳим Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 18

مَثَلُ الَّذِينَ كَفَرُوا بِرَبِّهِمْ ۖ أَعْمَالُهُمْ كَرَمَادٍ اشْتَدَّتْ بِهِ الرِّيحُ فِي يَوْمٍ عَاصِفٍ ۖ لَا يَقْدِرُونَ مِمَّا كَسَبُوا عَلَىٰ شَيْءٍ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الضَّلَالُ الْبَعِيدُ ١٨

Масалу-л-лазӣна кафару би-Раббиҳим аъмалуҳум ка рамадин иштаддат биҳи-р-рӣҳу фӣ явмин ъасиф. Ла яқдируна мим ма касабу ъала шаяъ. залика ҳува-З-Залалу-л-баъӣд. 18.

18. Масали ононе ки ба Парвардигори худ мункир шуданд, (чунин аст:) амалҳои онҳо монанди хокистаре бошад, ки дар рӯзе, ки боди тунд дорад, бод дар он сахт вазидааст, аз он чӣ касб карда буданд, бар ҳеҷ чиз қудрате надоранд. Ин аст гумроҳии (аз ҳақиқат) дур.

Касоне, ки бо ҳамроҳи Худо дигар чизро мепарастанд, расулҳои Худоро дурӯғгӯ меҳисобанд, бинои амалҳои хешро бе зербино (фундамент) гузоштаанд. Дар бораи Худо маърифати (дониши) саҳеҳ надоранд. Агар онҳо гӯянд, ки мо низ корҳои хуб анҷом медиҳем, аз он ҷумла садақа, хайрот медодем, алоқаи хешовандиро риоя кардем, ба фақирон садақа додем, бо волидайн хубиҳо кардем, инҳо ҳам ибодати Худоанд, рафтори неки мо миёни мардум машҳур аст, оё ин ҳама некиҳо дар он рӯз барои мо ба кор намеоянд? Худованд дар ҷавоб ба онҳо гуфтааст, ки ҳамаи амалҳои неки касоне (кофироне), ки ба ваҳму хаёл ва тахмину фарзия худопарастӣ мекунанд, рӯзи маҳшар (қиёмат) ба онҳо ҳеҷ фоидае намеоранд. Кирдори онҳо ба рафтори шахсе монанд аст, ки миқдори хокистареро дар роҳи тундбод мегузорад, тундбод онро ба тавре пароканда мекунад, ки дар натиҷа ҳеҷ асаре аз он боқӣ намемонад. Чунин аст амалҳои неки шахсони беимон дар рӯзи қиёмат. Онҳо дар баробари ин амали бар ҳадаррафта ва беасари худ дар рӯзи охират подош дарёфт карда наметавонанд.

Ин аст ҳамон гумроҳии дурударози онҳо ки аз роҳи ҳаққу савоб барканорашон сохтааст:

Амалҳои куффор дар рӯзгор,

Бувад ҳамчу хокистаре пасту хор.

Ки чун тундбоде вазад дар ҳаво,

Супоранд худро ба боди фано.

Залолат ҳамин аст андар ҳаёт,

Ки бошанд дур аз тариқӣ наҷот. (Умеди маҷд)


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)