Тафсири Сураи Иброхим Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 23
وَأُدْخِلَ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ ۖ تَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلَامٌ ٢٣
Ва удхила-л-лазӣна оману ва ъамилу-с-салиҳати ҷаннатин таҷрӣ мин таҳтиҳа-л анҳару холидӣна фӣҳа би изни Раббиҳим. Таҳийятуҳум фӣҳа салам. 23.
23. Ва он касоне ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, ба биҳиштҳое дароварда мешаванд, ки аз зери онҳо ҷӯйҳо равон аст, дар он ҷо бо ҳукми Парвардигори хеш ҷовидон бошанд, дар он ҷо дуои хайри онҳо ба якдигар «Салом!» аст.
Баъди баёни сарнавишти ситамгорон, шайтон ва пайравони онҳо, ки сарнавишти дардовар аст, дар ин оят ҳоли муъминон баён шуда аст, ки шахсоне, ки имон оварданду амалҳои солеҳ (нек)-ро анҷом доданд, вориди боғҳои Ҷаннате мешаванд, ки ороишу зебу зиннат дода шудаанд. Аз зери дарахтҳои он боғҳо ҷӯйҳои об равонанд. Онҳо бо иҷозаи Парвардигорашон дар боғҳои Биҳишт хушбахту ҷовидон боқӣ мемонанд. Ҳеҷ хавфи аз он ҷо кӯчида рафтан, ё бо ишғоли дигар гурӯҳ аз он ҷо беҷо кардани онҳо нест. Онҳо дар Биҳишт аз фариштагон дуруд (хуш омадед) мешунаванд. Яъне ба шахсони боимон гуфта мешавад, ки Биҳишт ва неъмати саломатӣ ҳамеша ҳамроҳи шумо бод! Ҳеҷ нороҳатӣ, газанд, ҷанг, низоъ ба шумо дигар нахоҳад расид. Шахсони муъмин низ бо салом додан ҳамдигарро дуруду табрик мегӯянд.
Хулоса, калимаи салом маънои васеъ дорад. Валлоҳу аълам.
Ҳоло дар оятҳои зер барои сухани баду нек зарбулмасал омадааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «