Тафсири Сураи Иброхим Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 22
وَقَالَ الشَّيْطَانُ لَمَّا قُضِيَ الْأَمْرُ إِنَّ اللَّهَ وَعَدَكُمْ وَعْدَ الْحَقِّ وَوَعَدْتُكُمْ فَأَخْلَفْتُكُمْ ۖ وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيْكُمْ مِنْ سُلْطَانٍ إِلَّا أَنْ دَعَوْتُكُمْ فَاسْتَجَبْتُمْ لِي ۖ فَلَا تَلُومُونِي وَلُومُوا أَنْفُسَكُمْ ۖ مَا أَنَا بِمُصْرِخِكُمْ وَمَا أَنْتُمْ بِمُصْرِخِيَّ ۖ إِنِّي كَفَرْتُ بِمَا أَشْرَكْتُمُونِ مِنْ قَبْلُ ۗ إِنَّ الظَّالِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٢٢
Ва қола-ш-шайтану ламма қуЗия-л-амру инналлоҳа ваъадакум ваъда-л-ҳаққи ва ваъаттукум фа ахлафтукум. Ва ма кана лия ъалайкум-м мин султанин илла ан даъавтукум фастаҷабтум лӣ. Фа ла талумунӣ ва луму анфусакум. Ма ана би мусрихикум ва ма антум би мусрихийя иннӣ кафарту би ма ашрактумуни мин қабл. Инна-з-залимӣна лаҳум ъазабун алӣм. 22.
22. Вақте, ки кори онҳо файсала карда шавад, шайтон гӯяд: «Ҳаройина, Худо шуморо ваъдаи дуруст дод ва ман ба шумо ваъда додам, пас, ман ба шумо хилофи ваъда кардам ва маро бар шумо ҳеҷ ҳукумате набуд, лекин он гоҳ, ки шуморо бихондам, пас, сухани маро қабул кардед. Пас, маро маломат макунед ва худро маломат кунед, ман фарёдраси шумо нестам ва шумо фарёдраси ман нестед. Ҳаройина, ман, пеш аз он ки маро шарики Худо муқаррар кардед, безору мункирам», ҳаройина, золимонро азоби аламдиҳанда ҳаст.
Чуноне ки дар ояти қаблӣ гузашт, рӯзи қиёмат золимон ва кофирон қатъи назар, аз он ки ӯ пешво аст ё пайрав, дар пешгоҳи Худованд ҷамъ мешаванд. Саҳнаи аламовари дигаре барои пайравони шайтон оғоз мешавад. Дар асное, ки ҳисоби бандагони солеҳ ва ғайрисолеҳ ба поён мерасад ва ҳама ба сарнавишти қатъии худ мерасанд, шайтоне, ки дар дунё онҳоро васваса мекард, пайдо мешавад. Байни маҳкумшудагон ва шайтон якдигарро санги маломат задан оғоз мешавад. Албатта, шайтон ҳамеша кори шайтонии худро мекунад. Дар он ҷо низ ба пешвоён ва роҳбарони бо роҳи залолат тамос пайдокарда ҳамовоз мешаваду пайравони бадбахти худро бо тирҳои маломат ва сарзанишҳои пай дар пайи обдор рад карда мегӯяд, ки эй мардум, Худованд ба шумо ба воситаи пайғамбарони Худ ваъдаи рӯзи растохез (қиёмат), ҳисобу китоб, подоши некӯкорону ҷазои бадкоронро дода буд. Чуноне ки дида истодаед, он ваъда ҳақ будааст. Ман ба шумо хилофи ваъдаи Худо ваъда дода будам, ки фикри растохезу ҳисобу китоб, Биҳишту Дӯзахро накунед. Агар онҳоро фикр кунед, онҳо суханҳоеанд, ки айши дунёгии шуморо нофорам месозанд. Як рӯз ба дунё омадӣ, як рӯз меравӣ. Дар ин дунёи дурӯза маишат накунӣ, ин чӣ ҳаёт аст?
Хулоса, ман шуморо ба дигар корҳо овора сохтам, ки ҳамаи он васвасаҳо ва дурӯғҳои оростакардаи ман буданд. Ин ҳама айби шумост, ки роҳи дурустро як ҷо гузошта, бо каме даъвати ман маро итоат кардед. Охир ман бар шумо фармонраво ё ҳоким набудам, ки шуморо бо зарбу зӯрӣ ба кори гуноҳ амр кунам, чӣ маро маломат мекунед? Ба ҷои ман худатонро маломат кунед! Агар шумо намехостед, ҳаргиз ман шуморо наметавонистам бо зӯру ҷабр кофир гардонам, ё ба роҳи нодуруст дарорам. Ҳоло ман аз шумо безорам ва болои шумо даъво дорам, ки агар шумо ба ман гӯш фаро намедодед, ман ҳам дар ин вартаи ҳалокат воқеъ намешудам. Ҳоло чӣ пеши ман омадед? На ман ҳоло фарёдраси шумо шуда метавонам, на шумо фарёдраси ман, то аз ин азоб битавонем ҳамдигарро халос кунем ё кӯмак расонем. Ҳоло ману шумо бадбахтем, роҳи ислоҳу ҷуброн дигар вуҷуд надорад. Ҳар кас мувофиқи амали худ ҷазо мебинад. Ман ҳеҷ вақт ба шумо нагуфтам, ки маро шарики Худо қарор диҳед. Агар алайҳи ман чунин суханро даъво дошта бошед, ман инкор мекунам. Ваъдае, ки Худованд тавассути пайғамбарони ростқавли Худ ба шумо расонд, ҳақ буд. Ба он бовар накардед, бар нафсҳои худ зулм карда, маро шарики Худо қарор додед. Ин айби ман нест, ин айби шумост.
Сипас, Худованд дар охир чунин гуфтааст, ки барои касоне, ки бар нафси худ зулм карданд, мехоҳанд ё не, азоби дардноку аламнок пешбинӣ шудааст. Дар ояти баъди Худованд барои имондорҳо чунин ҳукм мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «