Сураи Иброҳим Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 26

وَمَثَلُ كَلِمَةٍ خَبِيثَةٍ كَشَجَرَةٍ خَبِيثَةٍ اجْتُثَّتْ مِنْ فَوْقِ الْأَرْضِ مَا لَهَا مِنْ قَرَارٍ ٢٦

Ва масалу калиматин хабӣсатин ка шаҷаратин хабӣсатиниҷтуссат мин фавқи-л арЗи ма лаҳа мин қарар. 26.

26. Ва масали калимаи нопок (инкори дин) монанди дарахти нопок аст, аз болои замин баркандашуда, онро ҳеҷ қароре нест.

Дарахти хабиса (нопок) кадом дарахт аст, уламо ихтилофи назар доранд. Баъзе аз онҳо дарахт (гиёҳ)-и Ҳанзал (харбузаи сагак)-ро донистаанд, ки меваҳои талх дорад. Баъзе аз онҳо гиёҳеро бо номи «Кушут» (бар вазни «Суқут») донистаанд, ки дар саҳроҳо мерӯяд ва ба дарахти хордор мепечад, на барг дораду на реша. Ба ҳар ҳол валлоҳу аълам, дар ин ҷо калимаи хабис (нопок) ба маънои калимаи куфр, ширк, сухани баду ботил, барномаҳои мардумфиребанда, қонунҳои сохта, ақидаҳои даҳрӣ, инсонҳои нопок тафсир шудааст.

Хулоса, ҳар кору гуфтор, ҳар ҳаракату барнома, ки хилофи қонуни Қуръон ва суннати Расули акрам (с) бошад, дар он ризои Аллоҳ нест. Худованд онро ба дарахти хабис (нопок) ташбеҳ кардааст. Дарахти хабис (нопок) агарчи зоҳиран ба дарахт монанд аст, лекин на шохаҳои сар бар осмон дорад ва на бех ва на решаи дар замин фурӯрафта дорад, то онро мустаҳкам нигоҳ дорад. Ба таъсири бод, гӯё дарахти пӯсида бошад дарҳол аз беху бун канда мешавад, қарор надорад. Бод онро аз ҷое ба ҷое ба осонӣ мебарад. Калимаи «дарахт» дар ин ҷо чун «гиёҳ» тафсир шудааст, зеро арабҳо гиёҳро низ гоҳо дарахт мегӯянд.

Дарахте, ки палид аст инкори дин,

Ки реша надорад миёни замин.

Бияфтад ба рӯйи замин хору суст,

Надорад суботу бақои дуруст.

(Умеди маҷд)


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)