Сураи Иброҳим Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 27

يُثَبِّتُ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا بِالْقَوْلِ الثَّابِتِ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَفِي الْآخِرَةِ ۖ وَيُضِلُّ اللَّهُ الظَّالِمِينَ ۚ وَيَفْعَلُ اللَّهُ مَا يَشَاءُ ٢٧

Юсаббитуллоҳу-л лазӣна оману би-л-қавли-с-сабити фи-л-ҳайати-д дунйа ва фи-л-ахираҳ. Ва юЗиллуллоҳу-з-золимӣн. Ва яфъалуллоҳу ма яшаъ. 27.

27. Ва Худо мусалмононро ба сухани дуруст дар зиндагонии дунё ва дар охират устувор медорад. Ва Худо золимон(-и беинсоф)-ро гумроҳ месозад. Ва Худо он чӣ хоҳад, мекунад.

Дар оятҳои қаблӣ фарқияти ҳоли имону куфр, муъмину кофир, поку нопок бо истифодаи ташбеҳ (монанд сохтан) баён шуд. Ҳоло дар ояти мавриди назар натиҷаи кори онҳоро Худованд ошкоро баён кардааст, ки касонеро, ки имон оварданд, Худованд, чи дар дунё ва чи дар охират, бо сухани дуруст устувору собитқадам нигоҳ медорад. Муфассирони олиқадр гуфтаанд, ки «сухани дуруст» калимаи таййиба «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст. Бо назардошти ин фикр, қисми авали ояти мазкур чунин маъно мегирад. Худованд бо «Ло илоҳа иллаллоҳ» муъминонро дар зиндагии дунё ва охират устувор мегардонад.

Оре! Дар дунё лағзишҳои зиндагонӣ дар сари роҳи ҳар инсон ҳастанд, аз ҳамаи онҳо худро эҳтиёт кардан хеле душвор аст. Васвасаҳои шайтонҳои инсӣ ва ҷиннӣ ҳар лаҳза завқу барқи дунёро ба чашми инсон ҷилва медиҳанд. Золимони куфрпеша бо роҳҳои гуногун, яъне бо истифодаи қудрати ҳарбӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ (воситаи ахбори омма), барои пайрав ва таслим гардонидани инсони поквиждони муъмин кӯшиш мекунанд. Аммо Худованд бо фазли худ решаҳои дарахти имони касеро бо калиммаи тавҳид собит гардонида бошад, ӯ дар баробари ҳаргуна ҳодиса ва дасисаҳо хеле устувор ва сарбаланд аст, ки ин нишонаи хушбахтии дунё ва охирати ӯст.

Ба қавли машҳур мурод аз қисми дуюми оят, устувории муъминон дар зиндагии охират аст, яъне устувории муъмин дар ҷавоби саволҳои ду фаришта; Мункар ва Накир дар қабр аст. Вақте, ки муъмин дар қабр мавриди пурсиш қарор мегирад, ба саволҳои Мункар ва Накир устуворона бо суханони равшан, бурро, дуруст, бе ҳеҷ гуна камбудӣ ва дармондан ҷавоб медиҳад. Дар ҳоле ки кофир дар қабр аз ин тавфиқи Худованд бе баҳра аст. Ба саволҳои Мункар ва Накир ҷавоб дода наметавонад, зеро Худованд золимон (кофирон)-ро дар дунё ва охират гумроҳ кунад, ин кори Ӯст. Хости Парвардигор мутлақ аст. Бо ривояти Усмон ибни Аффон (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чун аз дафни майит фориғ мешуданд, бар сари қабри вай меистоданд ва мефармуданд: «Барои бародаратон омурзиш бихоҳед ва барояш пойдориро аз Худованд пурсон шавед. Зеро ӯ ҳоло мавриди пурсиш қарор дорад».

Муфассирон аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунанд: Чун марги шахси муъмин фаро расад, фариштагон назди ӯ ҳозир шуда, бар ӯ салом мегӯянд. Он гоҳ ба ӯ муждаи Биҳишт медиҳанд. Чун бимирад, ба ҷанозаи ӯ ҳамроҳ мешаванд. Сипас, ҳамроҳи мардум бар ӯ намози ҷаноза мегузаронанд. Чун ӯ дафн шавад, ӯро дар қабраш шинонда, бар ӯ гуфта мешавад: «Парвардигорат кист?» Ӯ дар ҷавоб мегӯяд: «Парвардигори ман Аллоҳ». Сипас ба ӯ гуфта мешавад: «Пайғамбарат кист?» Ӯ мегӯяд: «Пайғамбарам Муҳаммад (с)». Сипас, ба ӯ гуфта мешавад: «Шаҳодатат чист?» Мегӯяд: «Ашҳаду ан ла илаҳа илла-л-лоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу». Дар ин ҳангом қабрашро ба андозаи чашм медидагӣ фарох сохта мешавад.

Аммо шахси кофирро низ дар дами маргаш фариштагон фуруд меоянд ва ба рӯю пушти ӯ мезананд. Чун ӯро ба қабр дароварда шавад, ӯро низ мешинонанд. Он гоҳ ба ӯ гуфта мешавад: «Парвардигорат кист?». Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедиҳад. Зеро Худованд ин ҳақиқатро дар он асно бар ӯ фаромӯш мекунонад. Чун ба вай гуфта шавад пайғамбаре, ки барои шумо фиристода шуд, кист? Боз ҳам дармемонад ва ҳеҷ посухе намедиҳад. Худованд ситамгоронро инчунин гумроҳ мекунад.»


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)