Сураи Иброҳим Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 29

جَهَنَّمَ يَصْلَوْنَهَا ۖ وَبِئْسَ الْقَرَارُ ٢٩

Ҷаҳаннама яславнаҳа ва биъса-л-қарор. 29.

29. ки (он сарой) Дӯзах аст? Ба он ҷо дароянд ва он бад қароргоҳе ҳаст.

Дар ин оятҳо яке аз нишонаҳои (шаҷараи хабиса) дарахти нопок, ки зикри он дар оятҳои қаблӣ гузашт, ба чашм мехӯрад. Вақте ки Пайғамбар (с) аз миёни қурайшиҳо ба пайғамбарӣ мушарраф шуданд, ин барои онҳо як неъмати бузурге буд. Бояд онҳо имон меоварданд, ӯ (с)-ро пайравӣ мекарданд ва ба Худованд шукргузорӣ мекарданд. Аммо баръакс неъмат (имон)-ро ба куфр (носипосӣ) бадал карданд. Яъне ӯ (с)-ро мавриди носипосӣ қарор доданд. Худованд рӯйи суханро ба Пайғамбар (с) гардонида, фармуд, ки оё ба касоне, ки шукри неъмати Худоро ба носипосӣ бадал карданд, бо тааҷҷуб нанигаристӣ ва надидӣ, ки онҳо туро инкор доранд? Оё онҳо худ ва қавми худро ба сӯйи сарои ҳалокат ва табоҳӣ фуруд наоварданд? Албатта, оварданд. Онҳо худашон ва қавмашонро дар шӯълаҳои оташи партгоҳи ҳалокат (Ҷаҳаннам), ки ҷои бад асту қароргоҳи фоҷирону кофирон аст, партоб кардаанд? Албатта, кори чунин шахсоне, ки бадтарин ҷойро барои худ интихоб кардаанд, кори аҷиб аст.

Ибни Аббос (р) гуфтааст, ки онҳое, ки бо дасти худ қароргоҳи худро Ҷаҳаннам гардониданд, кофирони Маккаанд, ки Худованд онҳоро дар ҳарами амни худ ҷойи дод, ризқу рӯзиашонро васеъ гардонид, аз байни онҳо Муҳаммад (с)-ро пайғамбар таъин кард ва онҳо ба қадри ин неъматҳо нарасиданд. Пайғамбарро дурӯғгӯй ҳисобида, ӯро азият медоданд. Дар натиҷа онҳоро Худованд ба хушксолӣ ва қаҳатии 7-сола рӯ ба рӯ сохт. Дар ин муддат ҳатто онҳо ба хӯрдани пӯсту пашми уштурҳо маҷбур шуданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)