Тафсири Сураи Иброхим Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 5
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِآيَاتِنَا أَنْ أَخْرِجْ قَوْمَكَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَذَكِّرْهُمْ بِأَيَّامِ اللَّهِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ ٥
Ва лақад арсална Муса би айатина ан ахриҷ қавмака мина-з-зулумати ила-н-нури ва заккирҳум би аййамиллаҳ. Инна фӣ залика ла айати-л ли кулли саббарин шакур. 5.
5. Ва ҳаройина, Мо Мӯсоро бо нишонаҳои худ фиристодем (гуфтем), ки қавми худро аз торикиҳо ба сӯйи рӯшноӣ берун ор ва онҳоро ба рӯзҳои Худо, ки бар сари онҳо ё бар сари дигар қавмҳо гузашт, панд деҳ! Ҳаройина, дар ин (суханҳо) барои ҳар бисёр сабркунандаи шукргӯянда нишонаҳо ҳаст.
Худованд дар ин оят аз фиристодани яке пайғамбарони худ Мӯсо (а) ёдовар шуда фармудааст, ки дар ҳақиқат мо Мӯсо (а)-ро ҳамроҳ бо муъҷизаҳои нуҳгонаи гуногун фиристодем ва фармон додем, ки қавми худ (Бани Исроил)-ро аз торикиҳои куфру зулму ситам, фасоду олудагиҳои куфр ва ғуломии Фиръавн ба нури имону тавҳид, покию озодӣ берун ор ва ба роҳи рост онҳоро ҳидоят бикун. Ба ӯ (а) низ гуфтем, ки ту вазифадор ҳастӣ, ки «айёму-л-лоҳ» (рӯзҳои Худо)-ро ба қавми худ ёдоварӣ кунӣ. Дар он рӯзҳо барои ҳар инсоне, ки бисёр сабркунандаву бисёр шукргӯянда аст, нишонаҳои бузургест, ки инсонҳоро ба тавҳид (яктопарастӣ) ва ба донистани камоли қудрати илоҳӣ раҳнамоӣ мекунанд.
Дар бораи ин, ки «айёму-л-лоҳ» (рӯзҳои Худо) рӯзҳои оддианд, ё рӯзҳои махсус муфассирон ихтилофи назар доранд. Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки дар ин оят калимаҳои «рӯзҳои Худо» рӯзҳои оддиро ифода мекунанд, ки ҳар рӯз дар онҳо таърихи тозае дар зиндагонии инсонҳо сабт мешавад. Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки «рӯзҳои Худо» ишора ба рӯзҳои хосе аст, ки дар он рӯзҳо Худованд барои раҳоии қавми Мӯсо (а) воқеаҳоеро падид овардааст. Масалан, як рӯз қавми худро Мӯсо (а) аз зери асорати Фиръавн озод кард. Рӯзи дигар барои он тарафи дарё гузаштан, дарё шикофта шуд ва онҳо ба осонӣ гузаштанд. Рӯзе абр онҳоро дар саҳро соябонӣ мекард, дигар рӯзе Худованд ба онҳо таоми «манну салво» ва дигар неъматҳоро расонд. Баъзе муфассирон бар онанд, ки «рӯзҳои Худо» он рӯзҳоеанд, ки бар сари қавми Нӯҳ (а), Од ва Самуд офатҳои Худованд омаданд.
Хулоса, аз зикри «айёму-л-лоҳ» касе ибрат мегирад, ки дорои ду сифат бошад. Агар ба балое мубтало шавад, бисёр сабркунанда аст. Агар соҳиби неъмате шавад, бисёр шукркунанда аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «