Тафсири Сураи Иброхим Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иброҳим Ояти 6
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ اذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ أَنْجَاكُمْ مِنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ وَيُذَبِّحُونَ أَبْنَاءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءَكُمْ ۚ وَفِي ذَٰلِكُمْ بَلَاءٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَظِيمٌ ٦
Ва из қола Муса ли қавмиҳизкуру ниъматаллоҳи ъалайкум из анҷакум-м мин оли Фиръавна ясумунакум суа-л-ъазаби ва юзаббиҳуна абнаакум ва ястаҳйуна нисаакум. Ва фӣ заликум балау-м ми-р-Раббикум Ъазӣм. 6.
6. Ва (ёд кунед) он вақтеро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъмати Парвардигори хешро ёд кунед, ки чун шуморо аз касони Фиръавн халос кард, ки бар шумо бадтарин азобро мерасониданд ва писарони шуморо мекуштанд ва духтарони шуморо зинда мегузоштанд. Ва дар ин кор озмоиши бузурге шуморо аз тарафи Парвардигори шумо буд.
Дар ин оят Худованд ба яке аз «айёму-л-лоҳ» (рӯзҳои Худо), ки дар ояти қаблӣ гузашт, дар таърихи бани Исроил ишора карда, мусалмонҳоро панд додаст, ки чун бани Исроил баъд аз азоби Фиръавн бо роҳбарии Мӯсо (а) аз бардагӣ халос шуданд, даст ба носипосӣ заданд, Мӯсо (а) ба онҳо ҳушдор дода гуфт, ки эй қавм! Ҳангомеро ки Худованд шуморо аз чанголи Фиръавни золим раҳо кард ва он барои шумо неъмати бузург буд, фаромӯш кардед? Чаро ёдовари он неъмат намешаведу қадр намекунед? Баъд Мӯсо (а) баъзе аз мусибатҳоро номбар карда, ба онҳо гуфт, ки оё он замонеро ки фиръавниёни бераҳм барои шумо бадтарин азобро ҷоиз дониста, писарҳои шуморо сар мезаданд ва занону духтарони шуморо ҳамчу хизматгору каниз нигоҳ медоштанд, фаромӯш кардед? Оё ин озмоиши бузурге аз тарафи Парвардигор барои шумо набуд, ки гузашт? Ҳоло Худованд аз ин гуна балоҳо шуморо халос кардааст, оё ин барои шумо неъмати бузург нест? Чаро ношукрӣ мекунед? Ба бало гирифтор шудан имтиҳон аст, аз бало халос шудан низ имтиҳон аст.
Сухани Мӯсо (а) дар ояти зер идома дорад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «