Сураи Иброҳим Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 9

أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَأُ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ ۛ وَالَّذِينَ مِنْ بَعْدِهِمْ ۛ لَا يَعْلَمُهُمْ إِلَّا اللَّهُ ۚ جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَرَدُّوا أَيْدِيَهُمْ فِي أَفْوَاهِهِمْ وَقَالُوا إِنَّا كَفَرْنَا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ وَإِنَّا لَفِي شَكٍّ مِمَّا تَدْعُونَنَا إِلَيْهِ مُرِيبٍ ٩

Алам яътикум набау-л-лазӣна мин қабликум қавми Нуҳи-в ва Ъади-в ва самуд. Ва-л-лазӣна мин баъдиҳим. Ла яъламуҳум иллаллоҳ. Ҷаатҳум русулуҳум би-л баййинати фа радду айдияҳум фӣ афваҳиҳим ва қолу инна кафарна би ма урсилтум биҳӣ ва инна ла фӣ шакки-м мим ма тадъунана илайҳи мурӣб. 9.

9. Оё хабари ононе ки пеш аз шумо буданд, ба шумо наомада аст, қавми Нӯҳ, Од ва Самуд ва касоне, ки баъд аз онҳо омаданд? Онҳоро касе намедонад, магар Худо. Барои онҳо пайғамбаронашон нишонаҳо оварданд, пас, дастҳои худро дар даҳонҳои худ бозоварданду гуфтанд: «Ҳаройина, мо ба он чӣ фиристода шудед, ҳамроҳи он мункирем ва ҳаройина, мо аз он чӣ моро ба сӯйи он мехондед, сахт дар шаккем».

Эҳтимол меравад, ки мазмуни ояти мазкур давоми сухан ва охирин сухани Мӯсо (а) дар ин сура бошад. Ин эҳтимол низ ҳаст, ки ояти мазкур ояти мустақил буда, аз ҷониби Худованд хитоб ба уммати Расулуллоҳ (с) бошад. Эҳтимоли дувум назди Ибни Касир бо далели ин, ки қиссаи Оду Самуд дар Таврот наомадааст, мақбултар аст. Дар ин оят Худованд аз аҳволи умматҳои гузашта хабар додаст, ки оё хабари ҳалоки қавмҳои пеш аз шумо гузашта, чун қавми Нӯҳ (а), қавми Од ва қавми Самуд ва инчунин хабари ҳалоки касоне, ки баъди онҳо, омаданд ва ба ғайр аз Худои субҳон шумори онҳоро касе намедонад, ба шумо нарасид? Ин рафтори шумо тааҷҷубовар аст! Пеш аз шумо чандин қавм ба балои бад гирифтор шуда табоҳ гаштанд, то кунун шумо аз ҳоли онҳо ё хабар надоред ва ё хабар дореду ибрат нагирифтаед. Ривоят аст, ки чун Ибни Аббос (р) ояти мазкурро то «ло яъламуҳум иллаллоҳ» хонд, гуфт: «Касоне даъво доранд, ки мо дақиқан таърихи зиндагонии башарро медонем, дурӯғ гуфтаанд». Таърихи зиндагонии башар амрест аз иҳотаи тавони инсон берун. Ҳеҷ кас наметавонад гӯяд, ки дар гузашта чӣ қадар қавму халқҳо буданд. Лекин гуфта метавонад, ки барои ҳамаи қавму халқҳо Худованд пайғамбарони худро фиристод. Пайғамбарон барои қавми худ то собит шавад, ки пайғамбари барҳаққанд, ҳуҷҷату муъҷизаҳо оварданд, вале онҳо аз рӯйи хашм ва бухлу ҳасад пушти даст ё ангушти худро газида, дастҳояшонро ба даҳони худ мисли карнай то ин, ки садояшон баланд шавад, гузошта гуфтанд, ки мо ба он чи шумо фиристода шудаед, кофирем. Гуфтаҳои шумо барои мо чандон боварибахш нест, сабаби изтиробу нигаронии мо шудааст, пас чӣ гуна мегӯед, ки Худованд ягона аст, ва моро ба имон овардан даъват мекунед? Мо нисбати суханҳои шумо сахт дар шаккем, чӣ гуна ба ҳаққ будани шумо бовар кунем? Дар посух пайғамбарон дар кори даъваташон мутазалзил (дудила) нашуданд, балки ба онҳо:


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)