Сураи Иброҳим Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иброхим Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иброҳим Ояти 8

وَقَالَ مُوسَىٰ إِنْ تَكْفُرُوا أَنْتُمْ وَمَنْ فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا فَإِنَّ اللَّهَ لَغَنِيٌّ حَمِيدٌ ٨

Ва қола Муса ин такфуру антум ва ман фи-л-арЗи ҷамӣъан фа инналлоҳа ла Ғанийюн ҳамӣд. 8.

8. Ва Мӯсо гуфт: «Агар шумо ва ҳар касе, ки дар рӯи Замин аст, ҳама як ҷо кофир шавед, пас, ҳамоно Худованд тавонгару сутудашуда аст».

То ин ки бани Исроил роҳи Худошиносиро дурусттар омӯзанд, Мӯсо (а) онҳоро панду насиҳат мекард, ки эй қавм! Шумо ҳар кори баду неке, ки мекунед, бар суду зиёни шумост. Агар шумо ба роҳи нишондодаи Худованд нараведу кофир шавед, ё шумо ва тамоми инсонҳои рӯйи олам неъматҳои Ӯ таъолоро шукр гӯянд, ё нагӯянд, ҳеҷ нафъу зиёне ба Аллоҳ намерасад ва аз мулки Ӯ таъоло ҳеҷ чиз кам намешавад. Агар шумо шукр нагӯед, дигар махлуқот шукри Худоро мегӯянд. Ӯ Таъоло аз ҷониби махлуқоти Худ ҳамеша сутуда (шукргуфта) шудааст. Агар шумо шукргузор бошед, ин фоидаи шумост, ки Худованд аз шумо розӣ шуда, бо фазлу бахшоиши хеш неъматҳояшро барои шумо арзонӣ медорад. Дар ҳадиси қудсӣ бо ривояти Муслим омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Худованд мефармояд, ки эй бандагони Ман, агар гузаштагон ва бозояндагони инсу ҷинн, ҳамаашон дар тақво мисли баландтарин инсон тақво кунанд, дар мулки Ман чизе афзуда нашавад. Ва агар ҳама пешиниён ва пасояндагон аз ҷинну инс ҳама чун бадтарин касоне шаванд, дар мулки Ман ба қадри як зарра зиён нарасад».

Сухани Мӯсо (а) дар ояти зер идома дорад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Иброҳим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иброҳим Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иброҳим Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)