Сураи Ихлос Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ихлос Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ихлос Ояти 4

وَلَمۡ يَكُنۡ لَّهٗ كُفُوًا اَحَدٌ ٤

Ва лам яку-л лаҳу куфуван аҳад. 4.

4. Ва ҳеҷ касе бар Ӯ ҳамто намебошад».

Барои Худованди таборак ва таъоло (ҷаллат азаматуҳ) на дар зот, на дар сифатҳо мисл, назир, монанд, баробар, мушобеҳ нест зеро ин ки Ӯ: “Лайса камислиҳи шайун ва ҳувас самиъун басир” аст. Худованд молики кулли шайъ (чизҳо) ва Холиқу Розиқи кулли ҳай (зиндаҳо) аст.

Худованд дар яке аз ҳадисҳои қудсӣ фармудааст: “Дурӯғгӯйи сохт фарзанди одам Маро, ҳол он ки ӯ ҳаққи чунин корро надорад, дашном дод фарзанди одам Маро, ҳол он ки ӯ инро ҳаққ надорад.

Дурӯғгӯ сохтанаш Маро ин аст, ки мегӯяд зинда намегардонад маро ҳамчуноне, ки дар ибтидо халқам кард, ҳол он ки аз нав зинда гардонидан барои Ман аз халқи аввал, дида ҳеҷ мушкилие надорад.

Аммо дашном додани фарзанди одам Маро ин аст, ки барои Ман фалон касеро, фарзанд мехонад ҳол он ки Ман яккаву ягона ва бениёзу беҳоҷатам ва Ман зоти “Лам ялид ва лам юлад ва лам якуллаҳу куфуван аҳад” ҳастам.”

Адибе гуфтааст.

Гар як сари мӯй бартар парам,

Фурӯғи таҷаллии Ту бисӯзад парам.

Камолаш рӯйи ҳар андеша барбаст,

Хирадро пушт аз ин андеша бишкаст.

Поёни сураи “Ихлос”. Ва лиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ихлос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ихлос Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фалақ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)