Сураи Фалақ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фалак – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фалақ 113-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда аз 5 оят иборат аст.

Дар ин сураи “Фалақ” Худованди меҳрубон барои мардуме, ки ба сӯйи Ӯ паноҳ мебаранд, ҳимояи худашро эълон доштааст. Ҳимояи Ӯ ҳамеша бехавфӣ, осудагӣ ва оромиро таъмин менамояд. Парвардигор меҳрубону ғамхори он мардумест, ки Ӯ таъолоро бо дуъо ёд мекунанд ва худро дар паноҳи Ӯ мегиранд.

Бинобар ин сураи “Фалақ” навъи саҳеҳу махсуси паноҳ бурдани мардумро аз бадии кулли махлуқоти зиёнрасон ба ҳимояи Раҳмон таълим додааст. Аз он ҷумла, аз бадии шаб, ҳар вақто торик шаваду фоҷирону бадкорон аз маконҳояшон берун омада, парешон шаванд ва бар нафсҳо тарсу ваҳшат ҳукмфармо шавад.

Дар хотимаи сура бошад ба Аллоҳ паноҳ бурданро аз бадии кулли соҳирону ҳасадхӯрандагон ва инчунин аз кулли бадиҳое, ки дар олам арзи вуҷуд доранд, баён сохтааст. Ин сура яке аз он ду сура аст, ки Расулуллоҳ (с) доимо худашонро ба он даму нафас менамуданд. Ин буд назаре ба муқаддимаи сураи “Фалақ”.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фалақ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ихлос Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фалақ Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)