Шеър дар бораи муаллим

0

Шеърхо дар васфи муаллим, шеър дар бораи муаллим аз сомонаи www.DONISH.su барои шумо >>

Васфи муаллим (Дубайтиҳо)

Алифборо ба дасти ман ниҳодӣ,
Ба рӯям сад дари маънӣ кушодӣ.
Нахустустоди ман, дар ҳар ду олам
Бароят сабз гардад барги шодӣ!

Муаллим раҳнамои беҳтарин шуд,
Ба ангушти дилаш дониш нигин шуд.
Чу роҳи растагорӣ менамояд,
Сазовори ҳазорон офарин шуд.

Муаллим ҷом бошад, бода – дониш,
Муаллим шоиру сарвода – дониш.
Барои ташнагони Замзами дил
Муаллим бо садоқат дода дониш.

Китоби ҳикмату маъно муаллим,
Чароғе дар раҳи фардо муаллим.
Ба нерӯе, ки дорад дар бисоташ
Ҷаҳонеро кунад эҳё муаллим


Шеъри Муаллим – Бе муаллим

Бе муаллим босафо кошонаи миллат нашуд,
Бе муаллим равнақе дар ҷодаи санъат нашуд.
Ҳайфи оне к-ӯ зи ёдаш хидмати устод бурд,
Бе муаллим толибе бофазлу соҳибхат нашуд.
Рӯзгоре бо ҷаҳолат меситезад, бингарӣ,
Лаҳзае дар зиндагонӣ фориғ аз заҳмат нашуд.
Доимо дар хидмати халқу Ватан омӯзгор,
Лек боре дар суроғи гӯшаи узлат нашуд.
З-он ки бахшад донишу ақлу ҳунар бар дигарон,
Чун муаллим дар ҷаҳон кас соҳиби ҳиммат нашуд.
Хостам, байти таре дар васфи эшон офарам,
Оҷизам, к-ин байтҳоям лоиқи хидмат нашуд.

С. Қодирӣ


Шеър дар васфи муаллим

Мақолаи қаблӣМуаллим ба манзалати падар аст! – Муаллим иншо
Мақолаи баъдӣИди Мехргон (маълумот, иншо, эссе)