Сураи Инфитор Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инфитор Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инфитор Ояти 8

فِىۡۤ اَىِّ صُوۡرَةٍ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَؕ ٨

Фи аййи сурати-м ма шаа раккабак. 8.

8. Дар кадом сурате, ки хост, туро таркиб дод.

Худованди меҳрубон дар ҳар сурате ки хост, шуморо мураккаб кард. Ӯ аз барои шумо суратҳои зебо ва аҷиберо нисбати дигар махлуқот ихтиёр намуд ва шуморо ба мисли чаҳорпоён нагардонид, ҳол он ки бар ҳама чиз қодир аст. Пас, чаро фикр намекунед? Пас, чаро ба ҷойи шукрона ношукрӣ ва ба ҷойи ибодату итоъат исён меварзед?


Рӯйхати оятҳои Сураи Инфитор «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инфитор Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инфитор Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)