Тафсири Сураи Инфитор Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инфитор Ояти 9
كَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُوۡنَ بِالدِّيۡنِ ٩
Калла бал туказзибуна би-д-дӣн. 9.
9. Не-не! Балки шумо омадани рӯзи ҷазоро дурӯғ мешуморед.
Эй аҳли Макка, шумо хилофи фармудаи Худованд кор пеш гирифтаед! Шумо ҳамеша ба амалҳои нодуруст даст доред! Чаро? Барои он, ки ба рӯзи қиёмат (ҳисобу китоб) бовар надоред ва онро дурӯғ мешуморед. Ин амали шумо инкори ҳақиқат аст. Ҳушёр шавед. Аз ин роҳатон баргардед! Чун боз нагардед, Худованд ба азоби сахт гирифторатон месозад, ки дигар аз он роҳи наҷот нест. Пушаймонӣ, оҳу воҳ дигар ҳеҷ суде надорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Инфитор «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «