Тафсири Сураи Иншикок Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иншиқоқ Ояти 15
بَلٰٓى ۛۚ اِنَّ رَبَّهٗ كَانَ بِهٖ بَصِيۡرًا ١٥
Бала. Инна Раббаҳу кана биҳӣ басӣро. 15.
15. Бале! Ҳаройина, Парвардигораш ба аҳволи ӯ бинанда буд.
Оре, Худованд ҳозиру нозир асту ҳамаи рафтору кирдори бандаро бинанда аст. Агар дар қиёмат бадрафтор ҷазои бад набинад ва некӯкор мукофот нагирад, пас, зиндагӣ дар ин дунё ҳеҷ маънӣ надорад. Ҳар як амалеро, ки инсон дар ин дунё мекунад, дар охират мавриди савол қарор мегирад ва подошеро, ки бар он амалҳо сазовор аст, мегирад. Инчунин инсон набояд фикр кунад, ки амалҳои мекардагии ӯ аз назари Худо махфӣ мемонад. Бояд донист, ки Худованд, албатта, амалҳои бандагони Худро бинанда аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «