Сураи Иншиқоқ Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иншикок Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иншиқоқ Ояти 19

لَتَرۡكَبُنَّ طَبَقًا عَنۡ طَبَقٍؕ ١٩

Ла таркабунна табақан ъан табақ. 19.

19. Ҳаройина, шумо ба ҳоле баъд аз ҳоле хоҳед расид.

Худованд дар сухани худ ба он чи дар оятҳои боло зикр шуд, ки ҳар яке аз онҳо назди Худованд қурбу мартабаи арзандаеро дорад, қасам хӯрдааст, ки инсон баъди ҳар як ҳол ба ҳоли дигаре дучор меояд. Масалан, инсон аз ҳолати нутфа ба хуни сарбаста, аз он ба гӯштпора ва аз он ба гӯштпораи соҳиби рагу устухон ва аз он ба сурати тифл табдил меёбад. Баъд тифл ба дунё меояду ба воя мерасад. Баъзе ҷавон, баъзе пир аз дунё мераванд, яъне баъди фурсате ҳаёт ба мамот табдил меёбад, ва ҳолатҳои олами барзахро паси сар мекунаду боз аз сари нав зинда мешавад ва дар ҳолати суолу ҷавоб қарор мегирад. Ба биҳиштию дӯзахӣ қисмат мешавад. Ҳолатҳои рӯзи қиёматро, ки яке аз дигар душвортар аст, “рукуби табақ” гӯянд, бо навбат аз сар гузаронад. Акнун ин хел, ки бошад…


Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иншиқоқ Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иншиқоқ Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)