Тафсири Сураи Иншикок Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иншиқоқ Ояти 2
وَاَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ٢
Ва азинат ли Раббиҳа ва ҳуққат. 2.
2. Ва гӯш диҳад фармони Рабби хешро ва Осмонро сазовор ҳамин аст (ки фармони ҳақро гӯш диҳад).
Осмон махлуқи (офаридаи) Офаридгор аст. Мисли дигар махлуқот ҳар лаҳза дар тасарруфи Ӯ таъолост. Амру фармони Парвардигори худро бечуну чаро итоъат мекунад. Яъне Осмон шикофта мешавад аз он сабаб, ки он лаҳза Осмон амри Парвардигори худро гӯш мекунад ва ҳамаи фармони Ӯро итоъат мекунад. Дар давоми оят Аллоҳтаъоло таъкид менамояд, ки сазовор аст, ки Осмон чун махлуқ фармонбардори Холиқи худ бошад. Ҳодисаи дигари рӯзи қиёматро ояти зер эзоҳ медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «