Сураи Иншиқоқ Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иншикок Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иншиқоқ Ояти 21

وَاِذَا قُرِئَ عَلَيۡهِمُ الۡقُرۡاٰنُ لَا يَسۡجُدُوۡنَ ؕ ۩‏ ٢١

Ва иза қуриа ъалайҳиму-л-Қур-ану ла ясҷудун. 21.

21. Ва чун бар онҳо Қуръонро хонда шавад, саҷда намекунанд.

Агар ба он чи дар боло гуфтем, ақли онҳо нарасад, пас, чаро ҳангоме ки ба онҳо Қуръон хонда мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, саҷдаю таъзим намекунанд ва ба тазаррӯъ намедароянд ва худро ислоҳ намекунанд?

Ин оят яке аз 14-оятҳои саҷда мебошад, ки ҳар шахсе ин оятро қироат кунад ё шунавад, саҷда кардан ба он шахс воҷиб мегардад. Агар саҷда накунад, гунаҳкор мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иншиқоқ Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иншиқоқ Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)