Тафсири Сураи Иншикок Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иншиқоқ Ояти 4
وَاَلۡقَتۡ مَا فِيۡهَا وَتَخَلَّتۡ ٤
Ва алқат ма фӣҳа ва тахаллат. 4.
4. Ва он чиро, ки дар он аст биандозад ва холӣ гардад.
Дар он рӯз Замин ҳар он чизе, ки дар вуҷуди худ дорад, аз ҷасади мурдагон, хазинаҳо, маъданҳо ва дигар захираҳо, бо амри Офаридгор берун бияндозад. Мардум онҳоро бо чашми худ дида, ба ёд оранд, ки ба хотири ҳамин тиллою нуқра ва дигар боигариҳо ба ҳамдигар кашмакаш ва ҷангу хунрезӣ мекарданд. Аз амалҳои беҳудаи худ пушаймон шаванд, вале пушаймонӣ он рӯз суд надорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «