Тафсири Сураи Иншикок Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иншиқоқ Ояти 8
فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابًا يَّسِيۡرًا ٨
Фа савфа юҳасабу ҳисаба-й ясӣро. 8.
8. Пас, (ба зудӣ) аз ӯ ҳисоби осон гирифта шавад.
Тақсимоти номаҳои аъмол амри тахминию тасодуфӣ нест, ки кадомеро хоҳанд, ба дасти рост ва кадомеро хоҳанд, ба дасти чапаш диҳанд.
Ин тақсимоти номаи аъмол пеш аз ҳама ба инояти илоҳӣ ва ба иҷрои амалҳое ки Аллоҳтаъоло амр карда аст, вобаста аст. Инчунин аз дараҷаи итоъати инсон ба Пайғамбари Ӯ (с) таъоло вобаста аст. Яъне онҳое, ки имон оварданд, намоз гузориданд, рӯза доштанд, закоти мол доданд, вақте ки қодир шуданд, ҳаҷ карданд, инчунин дигар амалҳои некро иҷро намуданд ва дар хоҳиши иҷрои амалҳои нек устувор монданд, номаи аъмолашонро ба дасти рост мегиранд.Онҳо аҳли саъодат (озодӣ) буда, ҳисоби онҳо зуд ва ба осонӣ гирифта мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «