Тафсири Сураи Инширох / Аш Шарх Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иншироҳ Ояти 4
وَرَفَعۡنَا لَـكَ ذِكۡرَكَؕ ٤
Ва рафаъна лака зикрак. 4.
4. Ва зикр (ном)-и туро барои ту баланд кардем.
Дар миёни анбиё ва фариштагон номи Он ҳазрат (с) мартабаи баланд дорад ва азиз аст. Донишмандони ҷаҳон ба иззат ва эҳтиром номи Муҳаммад (с)-ро зикр мекунанд. Дар азон ва хутба, дар калимаи Тайиба, дар ташаҳҳуд ва ғайра баъд аз номи Худованд исми мубораки ӯ (c) ёд мешавад.
Худованди муттаъол ҳар ҷо, ки ба итоати Хеш бандагони худро фармон дод, дар ҳамон ҷо таъкид намуд, ки фармони ҳазрати Вай (с)-ро низ итоат кунанд. Ин аст маънои “баландии зикри” ӯ (c).
Рӯйхати оятҳои Сураи Иншироҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «